Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри натиҷаҳои таҳқиқи ҳамла дар Фароҳ


Як таҳқиқи муштараки артиши Амрико ва Афғонистон таъйид кардааст, ки бар асари ҳамлаи ҳавоии баҳсбарангези ба раҳбарии Амрико ба зидди Толибон дар ғарби Афғонистон “теъдоде аз мардуми мулкӣ” кушта шудаанд. Аммо доир ба теъдоди қурбониён рақами дақиқе нашр накардаанд, зеро ба гуфтаи гурӯҳи пажӯҳишӣ, тамоми кушташудагонро гӯр кардаанд ва муайян кардани ғайринизомиён ва ё ҷангҷӯёни Толибон имконнопазир шудааст. Ин ҳамлаи ҳавоӣ аввали ҳамин ҳафта дар вилояти Фароҳ сурат гирифт. Рӯзи ҷумъа як вакили шӯрои вилоятии Фароҳ рақами сокинони рустои саҳнаи ҳодисаро мисол овард, ки ба гуфтаи онҳо 147 нафар дар ҳамлаҳои рӯзҳои душанбе ва сешанбе кушта шудаанд. Артиши Амрико мегӯяд, ин рақами дуруст нест ва дар он муболиға шудааст.


XS
SM
MD
LG