Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Покистон Толибонро айбдор кард


Мақомоти низомии Покистон имрӯз ҷангиёни толибро дар нақзи ҷиддии қарордоди сулҳи водии Свот айбдор карданд. Артиши Покистон дар як баёния ҷангиёнро дар ғорати бонкҳо дар ин водии воқеъ дар устони шимолу ғарбӣ айбдор кард ва гуфт, нирӯҳои амниятӣ мошинҳои бомбгузоришудаеро кашф кардаанд, ки зоҳиран барои анҷоми ҳамлаҳои маргталабона омода шудаанд. Артиш ҷангиёнро ҳамчунин айбдор кард, ки пулеро дар Хваза Хела тарконда, ба пойгоҳи нирӯи барқ дар шаҳри Мингораи дараи Свот низ ҳамла кардаанд. Артиши Покистон феълан дар ноҳияи Бунер бо ҷангиёне, ки аз дараи Свот вориди ин минтақа шудаанд, вориди набард аст ва мегӯяд, ҷангиёнро ба зудӣ шикаст хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG