Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаи пурқурбонӣ дар Қашқадарё


Шаби гузашта бар асари сониҳаи як автобуси мусофиркаш бо як экскаватор дар вилояти Қашқадарёи Узбакистон даҳҳо нафар ҳалок шуданд.

Мақомоти умури дохилаи вилояти Қашқадарё мегӯянд, ин сониҳа шаби ҷумъа ба шанбе рух дод, вале ҳанӯз теъдоди дақиқи қурбониёнаш маълум нест. Як намояндаи раёсати умури дохилаи ин вилоят ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт: “Садама рух додааст, ин аниқ аст, вале ҳанӯз маълумоти аз ин бештаре мо надорем. Фақат маълум аст, ки автобус ба як экскаватор бархӯрдааст. Аммо ҳанӯз дар бораи шумори куштаву захмишудагон маълумоти аниқе дода наметавонем.”

Хабаргузории русии Интерфакс аммо навишт, ки бар асари ин садама 26 нафар кушта ва беш аз 20 тани дигар захмӣ шудаанд. Дар ҳамин ҳол, як корманди бемористони марказии ноҳияи Қамашӣ ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, ба ин бемористон 23 мусофири захмиро мунтақил кардаанд. Ба гуфтаи ин нафар, автобус дар маҷмӯъ 53 сарнишин доштааст ва бақия ҳама ҳалок шудаанд.

Гуфта мешавад, як автобуси навъи “Мерседес Бентс”, ки ҳомили тақрибан 50 мусофир дар хаттисайри Тошканд –Тирмиз ҳаракат мекард, дар тақрибан 400-километрии ҷанубу ғарби пойтахти Узбакистон, дар километри 42-юми шоҳроҳи Ғузор – Чим- Кукдала, дар ҳудуди ноҳияи Қамашии вилояти Қашқадарё, ба як экскаваторе, ки дар канори роҳ истода буд, бармехӯрад.

Хабаргузориҳо аз қавли мақомоти умури дохилаи Узбакистон мегӯянд, ронандаи автобус ба эҳтимоли ғолиб бо суръати хеле баланд ҳаракат мекард.

Як мақоми умури дохила ба хабаргузории русии Регнум гуфтааст, ки ба манзури таҳқиқи сабабҳои сониҳа ва кӯмак ба осебдидагон як куммиссиюни вижаи давлатӣ таъсис ва ба маҳалли садама – вилояти Қашқадарё - эъзом шудааст.
XS
SM
MD
LG