Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 4 кас дар ағбаи Шаҳристон


Бар асри як садамаи автомобилӣ дар ағбаи Шаҳистон ва шимолтари нақби "Истиқлол" 4 нафар кушта ва 1 нафар бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ шудааст.

Аюбҷон Ёров, корманди назорати нақлиёт дар водии Зарафшон, ба родиюи «Озодӣ» гуфт: «Як сабукрави мусофирбар ҳангоми убури гарданаи Шаҳристон дар километри 155-и шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд бино бар яхбандии шадиди роҳ аз масир хориҷ ва ба жарфнои 300-метрӣ сарозер рафтааст».

Ба таъйиди ҳамин манбаъ, бар асари ин ҳодиса 3 нафар мусофир ҳамон замон ба ҳалокат расида, ронанда бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхонаи ноҳияи Айнӣ фиристода шудааст. Вай афзуд, ки садамаи дигар дар роҳи қисмати шимолии нақби «Истиқлол» рух додааст. Бар асари он, гуфт ӯ, як мусофир ҳангоми худро аз кабинаи мошин берун афкандан зери мошин монда, ҳалок гардидааст.

Оқои Ёров ҳамчунин хабар дод, ки куллияи мусофирини ба ҳалокат расида ва ронандагон аз ноҳияи Панҷакент будаанд.

Ин дар ҳолест, ки, назар ба гуфтаи ронандагони мошинҳои мусофирбару боркаш, таййи як моҳи ахир дар гарданаи Шаҳристон ва қисмати шимолии нақби «Истиқлол» 6 садамаи нақлиётӣ рух додаанд, ки бар асарашон 10 нафар кушта ва 8 тани дигар захму осебҳои мухталиф бардоштаанд.

XS
SM
MD
LG