Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 26 нафар дар як садама дар Узбакистон


Бар асари сониҳаи автобуси мусофирбар дар Қашқадарё 26 нафар кушта шудаанд.

Хабаргузориҳои русӣ аз Узбакистон бо такя ба манобеъи худ дар вазорати умури дохилии Узбакистон дар бораи сониҳаи пурқурбонии як автобуси мусофиркаш дар ҷанубу ғарби он кишвар хабар доданд. Хабаргузории Интерфакс навишт, бар асари ин садама 26 нафар кушта ва беш аз 20 тани дигар захмӣ шудаанд. Хабаргузории РИА “Новости” навишт, автобуси навъи “Мерседес”, ҳомили 50 мусофир шаби ҷумъа ба шанбе дар шоҳроҳи Ғузор - Чимкукдала дар вилояти Қашқадарё ба як экскаваторе, ки дар канори роҳ истода буд, бархӯрдааст.

Ҷузъиёти аз ин бештари ҳодиса ва шумори дақиқи қурбониён ҳанӯз дастрас нест.

Бо расидани ҳар хабари ҷадид дар ин робита шуморо ҳатман дар ҷараён хоҳем гузошт.

XS
SM
MD
LG