Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯлоб: 62 кас ҳалок ва 145 нафар маҷрӯҳ


Таййи як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Восеъ як наврас ҳалок ва як нафар маҷрӯҳ шудааст.

Талбӣ Сафаров, сардори Бозрасии автомобилии кишвар дар минтақаи Кӯлоб, пас аз анҷоми таҳқиқи ин ҳодиса гуфт: «Ронандаи мошини «Оpel Vektra» Саидаҳмад Исоев ҳангоми ҳаракат аз маркази ноҳия ба самти деҳаи Қурбоншаҳид, қоидаи ҳаракати роҳро риъоя накарда, велосипедрон Мирзоватан Абдуллоев ва ҳамроҳи ӯ Ҳикматуллоҳ Ёровро пахш менамояд. Дар натиҷа Мирзоватан ҳалок шуда, ҳамрохи ӯ ҷароҳати сахти ҷисмонӣ мебардорад».

Ҳодисаи мазкур дар ҳолест, ки, ба қавли масъулини бозрасии автомобилӣ, шумори садамаҳои нақлиётӣ дар минтақа ахиран афзоиш ёфтаанд. Дар 11 моҳи соли ҷорӣ беш аз 120 садамаи нақлиётӣ ба вуқӯъ пайвастааст, ки дар пайи онҳо 62 шаҳрванд ҷон бохта, 145 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Коршиносон афзоиши садамаҳои нақлиётиро ба зиёд шудани шумори нақлиётҳо ва ронандаҳое, ки ба қоидаҳои ҳаракати роҳ дуруст сарфаҳм намераванд, марбут медонанд.

Мувофиқи ҳисоби БДА шумори нафароне, ки ҳуҷҷати ронандагӣ мегиранд, рӯз то рӯз зиёд мешавад. Бар тибқи ҳисоботи ахир, дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон шумори нақлиёти шахсиву давлатӣ ба ҳудудан 23 000 адад расидааст, ки ин аз соли гузашта 6 000 адад бештар мебошад.

XS
SM
MD
LG