Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нокомии гуфтушуниди сарвазирони Русия ва Украина


Русия ва Украина натавонистанд, дар масъалаи ҳамкориҳои энержӣ ба созиш расанд. Пас аз сеюним соати гуфтушунид байни сарвазирони ду кишвар, Владимир Путин гуфт, Маскав нохушнуд аст, ки дар қарордоди Украина ва Иттиҳоди Аврупо дар бобати лӯлаи газ Русия номбар намешавад. Аммо вай афзуд, гуфтушунид дар ин бора идома хоҳад кард. Сарвазири Украина, Юлия Тимошенко, ин мавзӯъро шарҳ надод. Вай ҳамчунин хостори коҳиши интиқоли гази Русия ба Украина шуд. Чунин коҳиш ба Киев имконият медиҳад, миллиардҳо долларро сарфа кунад. Рӯшан нест, дар ин масъала пешрафте ҳосил шудааст ё на.
XS
SM
MD
LG