Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев бо ҳомиёни ҳуқуқи башар мулоқот кард


Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, хостори вуруди тағйирот ба қонун дар бораи созмонҳои ғайриҳукуматӣ шуд. Дар мулоқот бо ҳомиёни ҳуқуқи башар дар Кремл ӯ гуфт, ки "бояд ҳамкории ин созмонҳо бо мақомоти давлатӣ ба роҳ монда шавад". Раисиҷумҳури Русия ҳамчунин аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва созмонҳои ҷамъиятӣ даъват кард, ки дар шароити бӯҳрони молӣ ва афзоиши бекорӣ риояи ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандонро низ дар мадди назар дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG