Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи Аҳмадинажод аз гуфтугӯи ҳақиқӣ бо Амрико


Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, мегӯяд, кишвараш аз гуфтушунид бо Иёлоти Муттаҳида истиқбол мекунад, вале президенти Амрико бояд ростӣ ва садоқати талошҳои худро исбот кунад. Дар баробари издиҳом дар шаҳри Исфаҳон, Аҳмадинажод гуфт, фақат сухан кофӣ нест. Ин паём дар ҳоле садо медиҳад, ки раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама, дар муборакбодии Наврӯз навори видеое пахш карда, дар он ба Эрон пешниҳод кард, равобитро аз сар бигиранд. Робитаҳои Эрон ва Иёлоти Муттаҳида чанде пас аз инқилоби исломии Эрон дар соли 1979 ва гаравгонгирии дипломатҳои амрикоӣ дар Теҳрон, ки 444 рӯз давом кард, бурида шуд.
XS
SM
MD
LG