Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 7 нафар дар инфиҷори Бағдод


Аз таркиши бомбае дар наздикии обидаи шиъаҳо дар Бағдод имрӯз 7 нафар кушта ва 23 тани дигар захмӣ шуданд. Рӯзи савум аст, ки дар Бағдод чунин инфиҷорҳо ба вуқӯъ мепайванданд. Таркиши ахир дар дусадметрии масҷиди Мӯсо ал-Козим ба амал омад. Рӯзи душанбе аз шаш инфиҷор дар манотиқи шиъанишини Бағдод наздик ба 34 нафар кушта ва қариб 140 нафар захмӣ шуданд. Сарвазир Нурӣ ал-Моликӣ дар ин ҳамлаҳо Ал-Қоида ва тарафдорони ҳизби дар гузашта ҳокими Баасро масъул донист.
XS
SM
MD
LG