Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адами тавофуқи ША бар сари Кореяи шимолӣ


Шӯрои Амнияти СММ то ҳол дар мавриди посух ба партоби мушаки Кореяи шимолӣ даст ба тавофуқ наёфтааст. Сафирони 5 кишвари узви доимии Шӯрои Амният рӯзи душанбе бо намояндаи Ҷопон мулоқот доштанд, вале ҷонибҳо бар сари матни қатъномаи ин ниҳод ба тавофуқ нарасиданд. Баҳси масъала дар Шӯрои Амният бояд имрӯз идома ёбад. Амрикову Ҷопон мехоҳанд, Шӯро партоби мушаки Кореяи шимолиро маҳкум кунад. Вале Чину Русия, бино ба хабарҳо, аз пуштибонии чунин қатънома худдорӣ меварзанд.
XS
SM
MD
LG