Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама аз хатари ал-Қоида ба Аврупо ҳушдор дод


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, ҳушдор дод, ки хатари ҳамлаи террористӣ бештар ба Аврупо таҳдид мекунад, то ба Амрико ва ӯ ба кӯмаки Аврупо ниёз дорад, то Ал-Қоидаро дар Афғонистон шикаст бидиҳад. Вай гуфт, решакан кардани гумонбаршудагони терроризм дар Афғонистон ва Покистон мушкили муштараки Аврупо ва Амрикост, ки бояд муштаракан ҳал шавад. Обама ҳамчунин ваъда кард, ки муносибатҳои осебдидаи Аврупо ва Амрикоро тармим хоҳад кард. Вай гуфт, ҷаҳон баъд аз ҳамлаҳои террористии соли 2001 ба ҳам омада буд, аммо бо сабаби ҷанги Ироқ ба парокандагӣ рӯбарӯ гашт. "Ман ин ҳафта ба Аврупо омадам, то коршарикиеро аз сар гирам, ки дар он Амрико ба дӯстону ҳампаймонҳояш гӯш медиҳад ва аз онҳо меомӯзад, аммо дӯстон ва ҳампаймонҳои мо ҳар кадом бори худро мекашад. Якҷоя, мо бояд ҳалли муштараки масъалаҳои муштаракро пайдо кунем."
Президенти Фаронса Николас Саркозӣ гуфт, кишвараш аз стратегияи нави Амрико дар Афғонистон, ки президент Барак Обама моҳи гузашта, ба он ишора карда буд пуштибонӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG