Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори ҷонишини вазири хориҷаи Итолиё аз Душанбе


Имрӯз, 2-юми апрел, дидор ва гуфтугӯи ҷонишини вазири корҳои хориҷии Итолиё Алфредо Мантика бо сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сурат гирифт. Дар ин вохӯриҳо масоили ҳамкориҳо байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонишини вазири корҳои хориҷии Итолиё дар як нишасти хабарӣ иброз дошт, ки байни Тоҷикистон ва Итолиё ду созишнома, азҷумла тавофуқи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷаи ду кишвар ва созишнома ҳамкории ду кишвар дар бахши иқтисод имзо хоҳад шуд. Вай афзуд, як созишномаи дуҷониба дар бахши сармоягузрӣ омода мешавад. Алфредо Мантика гуфт, мо бештар ба тавсеаи бизнеси хурду миёна ва таъсиси ширкатҳои муштараки итолиёӣ-тоҷикӣ бо ҷалби қувваи корӣ ва маводи хоми Тоҷикистон, ба мисли ширкати мавҷудаи «Карерар», таваҷҷӯҳ дорем.
XS
SM
MD
LG