Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба фармондеҳи собиқи чечен дар Дубай


Тавре ахиран хабаргузории РИА Новости иттилоъ дод, фарде, ки дар Дубай ҳадафи суиқасд қарор гирифтааст, на Сулаймон Мадов, балки Сулим Ямадаев, фармондеҳи собиқи чечен мебошад. Хабаргузорӣ бо такя ба пайвандони Ямадаев мегӯяд, ки ӯ алҳол дар бемористон аст ва ба ҳаёташ хатаре таҳдид намекунад.
Қаблан хабаргузориҳо бо такя ба Доҳӣ Халфон, раиси пулиси Дубай дар бораи куштори як марди чечен дар канори манзилаш дар ин шаҳр иттилоъ дода буданд. Халфон гуфта буд, ки ин куштор " ба сӯиқасд шабоҳат дорад".
Дар бораи ин ҳодиса мақомоти ҳифзи тартиботи Русия ва Аморати муттаҳидаи Араб то ҳол иттилоъи расмӣ нашр накардаанд.
XS
SM
MD
LG