Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Эрдуғон дар интихобот пирӯз мешавад


Ҳизби ҳукмрони адолат ва рушди сарвазири Туркия Раҷаб Тайб Эрдуғон барои пирӯзӣ дар интихоботи мақомоти маҳаллӣ шонси бештар дорад – тибқи иттилоъи муқаддамотӣ, тақрибан 39 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй аз номзадҳои ин ҳизб пуштибонӣ кардаанд. Ду сол қабл дар ҳамин гуна интихобот ҳизб тақрибан 46 дар сади раъйҳоро соҳиб шуда буд. Ҳизби халқӣ-ҷумҳурихоҳӣ, ҳизби мухолифи ҳукумат, бо 20 дар сади раъйҳо дар хатти дуввум қарор дорад.
Ба иттилоъи хабаргузориҳо, бар асари низоъҳо дар ҷараёни раъдиҳӣ дасти кам 4 нафар кушта ва чанд тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи хабаргузории Анатолия, фоҷиаҳо бар асари задухурди гурӯҳҳои сиёсии мухолифи ҳамдигар рух доданд.
XS
SM
MD
LG