Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Инқилоби лолаи"-и нав?


Роҳпаймоии эътирозӣ дар Бишкек, 27-уми март
Роҳпаймоии эътирозӣ дар Бишкек, 27-уми март

Раҳбарони мухолифини Қирғизистон, ки зери унвони "Ҷумбиши муттаҳидаи миллӣ" сарҷамъ шудаанд, мегӯянд, ки имрӯз, ҷумъа, 27 март дар кунҷу канори Қирғизистон раҳпаймоиҳои эътирозиро алайҳи сиёсати раисҷумҳур Қурмонбек Боқиев баргузор мекунанд.

Ба ин ҷумбиш ҳудудан даҳ ҳизби мухолифини Қирғизистон шомил шуда, як гурӯҳи муайяни онҳоро муттафиқони пешини Қурмонбек Боқиев ташкил медиҳанд, ки чаҳор соли пеш дар канори вай истода ба қавле "Инқилоби лолаии" кишварро ташкил ва боиси аз қудрат дур шудани раҳбари вақт Аскар Оқоев шуданд. Инҳо - собиқ доситони кулл Азимбек Бекназаров, вазири амнияти пешин Исмоил Исҳоқов ва вазири хориҷаи собиқ Роза Отунбоева мебошанд.

Шиорҳои тазоҳургарон ҳамон аст, ки чаҳор соли пеш зидди ҳукумати Оқоев садо медод: адами иҷрои ваъдаҳои инқилобӣ аз ҷониби Боқиев, хешу таборпарастӣ, вазъи бӯҳронии иқтисоди кишвар ва ҳамчунин мушкилоти энержие, ки Қирғизистонро асар кардааст. Барои тавзеҳи ин мавзӯъ ба студия ҳамкорам дар бахши қирғизии радиои озодӣ Эсенбой Нурушевро даъват кардам, то дар бораи нақшаҳои мухолифини Қирғизистон дар имрӯз ба мо маълумот бидиҳад:

"Дар Қирғизистон мухолифин ба он тавре ки бояд бошанд, вуҷуд надоранд. Аммо шумори зиёди мардум аз ҳукумат ва Боқиев норозӣ ҳастанд. Ва ҳоло вазифаи мухолифин ин аст, ки ҳамин қишри ҷомеаро ба ҷониби худ ҷалб кунанд. Ин кори осон нахоҳад буд, чунки тавре шумо ҳам гуфтед, мардум аллакай боэҳтиёт шудаанд. Ва бояд гуфт, дар сурати муваффақияти мухолифин, имкони такрор шудани рӯйдодҳои чаҳор соли пеш амалан вуҷуд дорад ва хатари аз қудрат дур шудани Боқиев ҳам як чизи воқеӣ ба назар мерасад".

Саволи дигар ба шумо ин аст, ки оё ҳоло раҳбарони мухолифини Қирғизистонро киҳо ташкил медиҳанд. Масалан, дар рӯйдодҳои инқилобии соли 2005 мардум нақши фаъоли Роза Отунбоева, худи Боқиев, Феликс Қулови аз зиндон раҳошударо диданд. Ва мардум аз паси онҳо по шуданд ва ба майдон рехтанд. Аммо ҳоло чунин сарвароне ҳастанд, ки мардумро аз паси худ ҳидоят карда тавонанд?

"Ин саволи хеле муҳим ва аслӣ аст. Феълан дар миёни мухолифин ҳеҷ як нафаре пайдо намешавад, ки нуфузи зиёд дошта бошаду мардум аз паси вай бираванд. Мушкили раҳбарон дар ин аст, ки онҳо ҳамеша дар байни худ ихтилоф доранд, ҳар кас мехоҳад бозии худро кунад. Яъне аз ин назар вазъи Қирғизистон хеле ба шароити сиёсии Украина шабоҳат дорад. Ба назари ман, агар фардо онҳо ноком шаванд, ин маънои онро хоҳад дошт, ки онҳо дар интихоботи моҳи июл ҳам пурра шикаст хоҳанд хӯрд. Эътирозҳои имрӯза барои мухолифини Қирғизистон як имтиҳон мешавад".

Таҳлилгарон мегӯянд, мухолифин барои ташкили чунин намоишҳои сартосарӣ маблағи кофӣ дар ихтиёр доранд, ва як бахши аслии сармояҳои онҳо аз ҷониби гурӯҳ ва соҳибкороне меояд, ки дар тағйири қудрат манфиатдор ҳастанд ва ё аз Боқиев ранҷидаанд.

Тибқи хабарҳое, ки аз Қирғизистон ба даст мерасад, мақомоти қудратии ин кишвар ба ҳолати омодабош оварда шуда, дар тамоми кунҷу канори ин кишвар аз ҷараёни раҳпаймоиҳо назорат хоҳанд кард. Дар ин бора вазорати дохилаи Қирғизистон иттилои расмӣ пахш кардааст.
XS
SM
MD
LG