Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ бо ироаи як нома унвонии вазири маорифи Тоҷикистон ибрози ташвиш кардааст, ки таъмини мактабҳои тоҷикии Қирғизистон бо китобҳои дарсӣ дар вазъи ногувор қарор дорад.

Дар ин нома аз ҷумла омадааст, ҷойи таассуф аст, ки тайи чанд соли ахир мактабҳои тоҷикии Қирғизистон дар боби таъмини китобҳои дарсӣ эҳсоси мушкилӣ мекашанд. Дар нома ҳамчунин зикр шудааст, ки маҳз камбуди китоб як гурӯҳ падару модаронро маҷбур намудааст, фарзандони худро аз мактабҳои тоҷикӣ гиранд ва ба мактабҳои ғайритоҷикӣ диҳанд.

Бино ба ин нома Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон аз номи маъмурияти ду мактаби тоҷикии деҳаи Андараки ноҳияи Лайлак, воқеъ дар вилояти Ботканд, номаҳои дардолуд гирифт. Гуфта мешавад, аз ин номаҳо маълум гардид, ки мактабҳои тоҷикии ноҳияи Лайлак ҳамагӣ дар ҳудуди 18-20 дарсад бо китобҳои дарсӣ таъминанд.

Равшанбек Собиров, раиси Иттиҳодияи мазкур, аз вазири маорифи Тоҷикистон Абдуғаффор Раҳмонов хоҳиш кардааст, ки ин мушкилоти мактабҳои тоҷикии Қирғизистонро ба риштаи таҳқиқ кашад ва ҷиҳати таъмини ин мактабҳо бо китобҳои дарсӣ дасти кумак дароз намояд.

Ҳурматхон Аҳмадалиева, омӯзгори яке аз мактабҳои тоҷикии вилояти Ботканд, мегӯяд, ҳама медонанд, ки бе китоби дарсӣ омӯзгорон ба шогирдони худ дониши комил дода наметавонанд. Ба гуфтаи ӯ, ин раванд дар кори таълиму тарбия фақат таъсири манфӣ мерасонад. Ин омӯзгорзани тоҷик ҳамчунин тазаккур дод, ки таъмини ҳар чи зудтари китобҳои дарсӣ дар мактабҳои тоҷикии кишвараш ба он мусоидат хоҳад кард, ки дар минтақаҳои дигари тоҷикнишин синфу мактабҳои иловагӣ ифтитоҳ ёбад.

Қобили ёдоварист, ки чанде пеш дар ноҳияи Қадамҷои вилояти Ботканд бо саъю кӯшиши як гурӯҳи равшанфикрони тоҷик дар мактаби ба номи устод Ҷомӣ синфи якуми тоҷикӣ кушода шуд. Асомиддин Саидов, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон, аз ифтитоҳи ин синф ибрози қаноатмандӣ кард ва ваъда дод, ки таъмини шогирдони ин синф бо китобҳои дарсиро бар дӯши худ мегирад.

Мавлон Шарифзода, яке аз дастандаркорони ифтитоҳи ин синфи тоҷикӣ, ба радиои Озодӣ гуфт, ин вокуниши ҷаноби сафир, ки барои тоҷикони Учқӯрғон қимати гаронбаҳоеро касб хоҳад кард, ҳамвора онҳоро хеле руҳбаланд намуд. Вай зикр кард, ки равшанфикрони тоҷики Учқӯрғон аз ин ба баъд низ дар афзоиши синфҳои тоҷикӣ талоши бештар ба харҷ хоҳанд дод.

Дар ҳамин ҳол Кенҷахон Юсупова, мудири бахши китобҳои дарсии вазорати маорифи Қирғизистон, таи як сӯҳбати ихтисосӣ ба радиои Озодӣ иброз дошт, ки баъди таҳқиқи мундариҷаи китобҳои дарсии Тоҷикистон натиҷа ҳосил шуд, ки беш аз 70 дарсади мундариҷаи ин китобҳо бо меъёрҳое мувофиқат мекунад, ки вазорати маорифи Қирғизистон муқаррар кардааст. Кенҷахон Юсупова гуфт, агар тарҷумонҳои лаёқатнок аз ӯҳдаи тарҷумаи китобҳои дарсӣ баромада тавонанд, дар он сурат имкони нашри китобҳои дарсӣ барои мактабҳои тоҷикӣ дар кишвараш имконпазир мегардад. Ба гуфтаи мудири бахши китобҳои дарсии вазорати маорифи Қирғизистон, дар ҳамин ҳол тарҷумаи маводи таълимӣ ба забони тоҷикӣ ба мушкилоти ягонаи онҳо табдил ёфтааст.

Кенҷахон Юсупова гуфт, бо иқдоми вазорати маориф дар шаҳри Ӯши кишвараш як маркази таҳия ва таълифи китобҳои қирғизӣ ва узбакӣ роҳандозӣ шудааст. Вай афзуд, дар шаҳри Қизилқияи вилояти Ботканд, ки як донишгоҳ фаъолият мекунанд, дар он ҷо таъсиси маркази тарҷима, таҳия ва таълифи китобҳои дарсӣ барои мактабҳои тоҷикӣ ба нафъи кор хоҳад буд. Ба таъкиди Кенҷахон Юсупова, дар ҳоли ҳозир масъалаи таъсиси чунин як марказ дар вазорати маорифи Қирғизистон баррасӣ мешавад.



Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG