Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатми амалиёти зиддитеррор дар Чеченистон?


Тибқи гузоришҳо, Русия дар андешаи хатми ҷанги даҳсолаи Чеченистон ва берункашии нирӯҳо аз хоки ин ҷумҳурӣ мебошад. Як масъули Кремлин дар сӯҳбат бо хабарнигори Франс-Пресс гуфт, ки чунин як тасмиме гирифта шудааст, вале феълан таъйини замони иҷрои ин қарор мушаххас нест. Изҳороте ба ин манзур дар паи он нашр шуд, ки ду рӯз пеш раҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров гуфт, ки мақомот дар фикри қабули қонуне мебошанд, ки ҳама маҳдудиятҳоро дар Чеченистон аз байн мебарад. Қарори шурӯи амалиёти зиддитеррор дар Чеченистон ҳанӯз соли 1999 дар аҳди президенти вақти Русия Борис Елтсин қабул шуд. Баъди чанд моҳи ин қарор ва аз вазифа канор рафтани Елтсин идомаи амалиёти низомӣ ба дӯши Владимир Путин гузашт.
XS
SM
MD
LG