Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Кӯлоб скелети одами думетра пайдо шуд


Хабаргузориҳои маҳалии Тоҷикистон иттилоъ додаанд, ки дар деҳи Тӯдакаши минтақаи Кӯлоб скелети одаме пайдо шудааст, ки дарозии қадаш 2 метрро ташкил медиҳад. Дар ин бора Каримҷон Қодирӣ-ректори донишгоҳи Кӯлоб ба "Авесто" хабар додааст. Бино ба хабари ин манбаъ, сокинони Тӯдакаш ин скелетро тасодуфан ҳангоми шудгор кардани замин пайдо кардаанд. Яке аз ангуштони скелет ангуштарин доштааст. Дар маҳали кашфи скелет ашёи кулолӣ низ пайдо шудааст.

XS
SM
MD
LG