Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон барои "Истиқлол" 6 миллион доллар ҷудо мекунад


Дар рӯзи ҷашни Наврӯз, 21-ӯми март вазирони хориҷаи Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон Ҳамроҳхон Зарифӣ, Рангин Додфар Спанто ва Манучеҳри Муттакӣ дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон дар мулоқоти сеҷонибаи кишварҳои форисизабон ҳамкоририҳои сеҷонибаро баррасӣ карданд. Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин мулоқот масъалаи бунёди ниругоҳи барқи обии Сангтуда-2 ва нақби "Истиқлол" дар гарданаи Анзоб барои баррасӣ матраҳ шуд. Ҷониби Эрон изҳори омодагӣ кардааст, ки барои такмили корҳои сохтмонӣ дар нақби "Истиқлол" 6 миллион доллар ихтисос медиҳад. Ҷониби Тоҷикистон ва Афғонистон дар бораи гушоиши консулгариҳои Тоҷикистон дар вилоятҳои Бадахшон ва Қундузи Афғонистон ба тавофуқ расидаанд.

XS
SM
MD
LG