Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон минтақаи вораста аз аслиҳаи ҳастаӣ


21-ӯми марти соли ҷорӣ қарордод дар бораи минтақаи вораста аз аслиҳаи ҳастӣ эълон шудани Осиёи Марказӣ эътибор пайдо кард. Ба ин қарордод панҷ кишвари Осиёи Марказӣ Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистону Ӯзбакистон дохил мешаванд. Ин кишварҳо ӯҳдадор шудаанд, ки дар қаламрави худ тавлид ва густариши аслиҳаи ҳастаӣ ва ҷузъҳои он ва ё соири маводи мунфаҷираи ҳастаиро иҷоза намедиҳанд. Вале қарордоди мазкур барои ҳадафҳои сулҳомез истифода аз нируи ҳастаиро мамнуъ намедонад. Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ аз оғози эътибори ин қарордод истиқбол кард. Минтақаи Осиёи Марказӣ дар байни ду минтақаи дорои аслиҳаи ҳастаӣ, яъне дар байни Русияву Чин қарор дорад. Дар ин миён Муғулистон низ дар соли 1992 минтақаи ғайриҳастаӣ эълон шуда буд.

XS
SM
MD
LG