Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи Қирғизистон дар тобистон


Дар Қирғизистон 23 июли имсол интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Ба тарафдории чунин пешниҳод имрӯз тамоми вакилони порлумони Қирғизистон раъй доданд. Рӯзе пеш аз раъйдиҳӣ дар порлумон, Додгоҳи Қонуни Асосии Қирғизистон баъди баррасии баҳс доир ба санаи интихобот ҳукм кард, то ин корзори муҳими сиёсӣ 25 октябр баргузор шавад. Баҳс дар атрофи интихобот аз он сабаб боло гирифт, ки тағйирот дар Қонуни Асосии Қирғизистон давраи раёсати ҷумҳури дар ин кишварро аз чаҳор то панҷ сол тамдид кардааст. Қурмонбек Боқиев – раиси ҷумҳури Қирғизистон, ки соли 2005 барои чаҳор сол раиси ҷумҳур интихоб шуд, мехоҳад, бори дигар дар интихобот ширкат варзад. Мухолифи давлат, ҳукуматро муттаҳам мекунанд, ки дар остонаи интихоботи мухолифони Боқиевро зери фишор қарор додааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG