Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев аз вазъи Русия нигарон будааст


Бино ба гузоришҳо, Дмитрий Медведев – раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ки бӯҳрони иқтисодӣ сабаби авҷ гирифтани танишҳои сиёсӣ ва миллатгароӣ дар кишвараш шудааст. Дмитрий Медведев гуфтааст, ҳукумат нигарон аст, ки мушкилоти иқтисодӣ метавонад, аз қудрати ҳукумат бикоҳад ва ифротгароиву ҷиноятҳо дар заминаи бадбинии миллатҳои ғайрро афзоиш диҳад. Хабаргузориҳои Русия аз қавли Медведев навиштаанд, ки бӯҳрони иқтисодӣ барои авҷ миллатгароиву ҷиноёт, мухолифатҳои сиёсӣ замина фароҳам мекунад. Дмитрий Медведев ба мақомоти расмӣ ва рӯҳониён гуфтааст, ин мушкилот дар ҳоли бадтар шудан аст.
XS
SM
MD
LG