Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба хотири он, ки киштзорҳои Узбакистону Қазоқистон дар фасли гармо дучори беобӣ нагарданд, масъулини нерӯгоҳи Қайроқум чаҳор чархаи онро аз кор боздошта, дар обанбор об захира мекунанд.

Рӯди Сир имрӯзҳо дар арафаи мавсими киштукори баҳорӣ ба таври бесобиқа камоб шуд. Пеши обанбори Қайроқум бастааст. Файзулло Авазов, мудири кулли нерӯгоҳи Қайроқум дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ду чархаи фаъоли нерӯгоҳ дар шабонарӯз беш аз ним миллион киловатт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад ва тақрибан 3 миллион киловатт/соати дигар аз рӯи иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ аз ҷониби Узбакистон ҷуброн мегардад.

Ба гуфтаи вай, давлатҳои Тоҷикистону Узбакистон дар мавриди аз сар гирифтани транзити барқи Туркманистон ва ҷамъоварии об дар обанбори Қайроқум барои кишварҳои болооб дар дидори мақомоти баландпояи тоҷику узбак дар шаҳри Душанбе дар авохири моҳи феврал ба тавофуқ расидаанд.

Вале дар моҳҳои январ ва феврал, ки Суғд бо бӯҳрони шадиди камбуди барқ рӯ ба рӯ буд ва танҳо аз нерӯгоҳи худ барқ мегирифт, ҳар шаш чархаи нерӯгоҳ фаъол буд ва дар шабонарӯз ҳудуди 3 миллион киловатт соат барқ тавлид мекард.

Акнун ҳам вазъи бӯҳронӣ ислоҳ нашудааст ва барқ ба манзилҳои сокинон аз рӯи меъёри шадид интиқол меёбад. Ба манзилҳои сокинони Хуҷанд 5 соат дар субҳу шом ва ба хонаҳои сокинони деҳот ним ё як соат дар шабонарӯз барқ дода мешавад.

Барои таъмиру тармими соҳили обанбори Қайроқум ҷониби Қазоқистон ҳамагӣ 25 ҳазор доллар кумак кардааст, вале Узбакистон худро аз ин кор канор гирифтааст ...
Бо ишора ба чунин вазъ коршиносон ва таҳлилгарон мегӯянд, ки мушкили истифодаи якҷоя аз захираҳои обӣ ва энергетикии минтақа ҳанӯз ҳалношуда ва печида боқӣ мондааст. Ба назари коршинос Ҷовиди Одил, усули кунунӣ миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар истифода аз захираҳои обӣ, ки ба кишварҳои поёноб умдатан нақши ҷамъоварикунандаи об вогузор шудааст, бар манфиати кишварҳои болооб аст, вале аз кишварҳои поёноб камтар нафъ мебардоранд.

Вай афзуд, дар ҳоле ки аз оби обанбори Қайроқум асосан кишварҳои болооб истифода мекунанд, хароҷоти садбандии соҳилҳои онро тақрибан пурра Тоҷикистон бар ӯҳда дорад, дар ҳоле ки ҳанӯз аз замони Шӯравӣ пардохти онро кишварҳои истифодакунандаи оби обанбор якҷоя бар ӯҳда мегирифтанд. Бар илова, аз канда шудани садҳои обанбори Қайроқум ва обхезиҳо киштзорҳо ва гоҳе боғистонҳо ва манзилҳои сокинони канори соҳилҳо шуста мешавад ва сокинон зиёни зиёди молӣ мебинанд.

Дар тирамоҳи соли гузашта дар мулоқоти Бишкек кишварҳои болооб ваъдаи кумак ба Тоҷикистон дар садбандии соҳилҳои обанбори Қайроқум доданд, вале пурра ба иҷро надаромад. Ба гуфтаи Абдураҳим Раҳимов, сардори гурӯҳи садбандӣ дар Қайроқум, танҳо Қазоқистон ба ин хотир 25 ҳазор доллари амрикоӣ сармоя ироа карда, вале Узбакистон худро аз ин кор канор гирифтааст.

Дар ин маврид мудири кулли НБО–и Қайроқум мегӯяд, агар садҳои соҳилҳои обанбори мазкур таъмиру тармим гардад, на танҳо хавфи шусташавии киштзорҳои канори соҳилҳо аз байн меравад, балки имкони захираи бештари об дар обанбор фароҳам меояд. Ба гуфтаи вай, барои эҳтиёҷоти кишоварзии кишварҳои болооби ҳавзаи рӯди Сир то моҳи май обанбор аз об пур карда хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG