Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нашри китобҳои нави динӣ дар соли Имоми Аъзам


Вазорати фарҳанги Тоҷикистон

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, бо нашри китобҳои “Фиқҳи акбар” ва “Муснад” симои воқеъӣ ва таълимоти Имом Абӯҳанифа, мулаққаб ба Имоми Аъзам, бунёдгузори мактаби фиқҳи ҳанафиро муаррифӣ мекунад.

Идибек Зиёев, масъули раёсати дин дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, мегӯяд, ин иқдом дар робита ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам сурат мегирад, ки соле пештар аз сӯи раисҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст. Оқои Зиёев ҳадаф аз талошҳои мақомотро тақвияти мазҳаби ҳанафӣ донист, ки ба гуфтаи ӯ, дар ҳафтод соли гузаштаи Шӯравӣ пуштибонии бештаре надоштааст: “Таъсири сиёсати Шӯравии пешин буд, ки дар кишвари мо дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Имоми Аъзам тақрибан адабиёте вуҷуд надошт. Танҳо барои доираи маҳдуди мутахассисон ва шарқшиносон ному фаъолияти ӯ маълум буд. Бисёр хуб аст, ки имрӯз талошҳои зиёде барои муаррифии осори Имоми Аъзам ва ақоиди фиқҳиву мазҳабии ӯ ба харҷ дода мешавад”.

Зимнан, мазҳаби ҳанафӣ яке аз чаҳор мазҳаби аслии аҳли тасаннун аст, ки пайравони он имрӯз дар Эрону Афғонистон, Осиёи Миёна, Туркия, Ҳинду Покистон ва бархе аз кишварҳои арабӣ ба сар мебаранд. Беш аз навад дарсади сокинони Тоҷикистон низ пайрави ин мазҳабанд ва ҳадаф аз бузургдошгти Имоми Аъзамро нуқтагузории мақомот ба баҳсҳои печдаргуми мазҳабӣ дар кишвар арзёбӣ мекунанд.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси Миллӣ ва собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон, агарчи ошноии бештари сокинон бо таълифоти Имоми Аъзамро ба манфиат медонад, аммо мегӯяд, ки ин сол нармише дар муносибати давлат ва дину диндоронро ба дунбол нахоҳад дошт. Оқои Тӯраҷонзода мегӯяд агар мақомот аз як сӯ барои тақвияти мазҳаби ҳанафӣ талош мекунанд, аз тарафи дигар намегузоранд, ки наврасон дар намози ҷумъа ширкат ва рӯҳониён аз минбари масоҷид мавъизахонӣ кунанд: “Бузургдошти ҳазрати Имоми Аъзам мегӯем, аммо масҷидро мебандем. Бовар кунед, ҳич гуна нармишеро дар масъалаи дину давлат намебинам. Баръакс, фақат дар шаҳри Душанбе дар як ҳафтаи гузашта тақрибан даҳ масҷиди ҷомеъро бастаанд. Аз ин дидгоҳ, тағйироте дар назар нест. Ҳамон сиёсати кӯҳна...”

Воҳидхон Қосиддинов, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, пеш аз эълони расмии соли Имоми Аъзам ҳизбаш мехост як конфронси байнулмилалӣ дар ин замина баргузор кунад, аммо ҷавоби радд гирифт. Вай эҳтимоли бо ин баҳона ҷалби таваҷҷӯҳи сокинони мусулмон барои пуштибонӣ аз мақомотро сарфи назар намекунад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ кишвар бо бастаи мушкилоте дастбагиребон аст ва ин мушкилот рӯз то рӯз эътимоди сокинон ба мақомотро коҳиш медиҳад. Воҳидхон Қосиддинов мегӯяд, то замоне ки таълимоти Имоми Аъзам сидқан дар ҷомеаи Тоҷикистон пиёда ва аз фармудаҳои ӯ пуштибонӣ намекунанд, соли бузургдошти ӯ беҳосил хоҳад буд.

Аммо Фаррух Умаров, коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, бузургдошти соли Имоми Аъзамро на манфиати як гурӯҳи мақомдорон, балки манфиати миллӣ унвон мекунад. Вай мегӯяд, эълони ин сол бо нияти ҷилавгирӣ аз густариши ҷараён ва равияҳои тозаи мазҳабӣ, ки аксаран аз хориҷ ҳидоят мешаванд, эълон шудааст.

Вай Имоми Аъзамро шахсияти миллию мазҳабӣ медонад ва бовар дорад, ки мазҳаби ҳанафӣ метавонад дар оянда дар Тоҷикистон барои ташаккули идеологияи миллӣ хидмат кунад: “Аз нигоҳи миллию мазҳабӣ имрӯз дар Тоҷикистон холигоҳе ба вуҷуд омадааст. То ҷойи инро идеологияи бегона пур накунад ва мустақилияти кишварро таҳти суол набарад, гумон мекунам, арҷгузорӣ ба шахсияти Имоми Аъзам ба маврид аст. Зеро дар таълимоти ӯ ҳуввияти миллию мазҳабӣ бо ҳам омезиш ёфтаанд”.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз мунтақидони давлати президент Раҳмон ҳимояти ӯ аз мазҳаби ҳанафияро мудохилаи рӯйирости давлат дар умури мазҳабӣ медонанд. Ба бовари онҳо, ин иқдом мухолифи Қонуни асосии Тоҷикистон аст, ки динро аз давлат ҷудо хонда ва гуфтааст, давлат набояд аз ҳич идеологияе, чи мазҳабӣ ва чӣ ғайримазҳабӣ ҳимоят кунад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG