Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вокунишҳо ба эълони Соли Имоми Аъзам


90 дарсади аҳолии Тоҷикистон ҳанафимазҳаб мебошад

90 дарсади аҳолии Тоҷикистон ҳанафимазҳаб мебошад

Имрӯз дар кохи «Борбад»-и пойтахт бо иштироки раисиҷумҳури Тоҷикистон маросими таҷлили 17-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон баргузор шуд.

Зимни суханронӣ дар ин маросим раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқлолияти энержӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти ғизоро аз аҳдофи аслии сиёсати давлаташ дар соли наздик унвон кард. Ва, аммо соли бузургдошти Имоми Аъзам - муассиси мазҳаб ва ё фиқҳи ҳанафӣ эълом доштани соли 2009 аз сӯи раиси ҷумҳурӣ то андозае барои коршиносон ғайричашмдошт ба назар мерасад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронии худ дар ин маросим дастёбӣ ба истиқлолияти энержӣ, раҳоӣ аз инзивои иртиботӣ ва таъмини амнияти ғизоиро аз аҳдофи аслии сиёсати давлаташ дар солҳои наздик арзёбӣ кард. Раҳмон ба мардуми кишвараш ваъда дод,ки тӯли се соли оянда ба истиқлолияти энержӣ даст хоҳанд ёфт ва мушкилоти норасоии нерӯи барқ бартараф карда мешавад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ислоҳот дар арсаи маориф ва кишоварзиро барои рушди кишвар муҳим хонда ва бори дигар бар зарурати ҷиддии кишти такрорӣ дар як замин ва рӯёнидани ҳосили дуввум ва саввум таъкид кард.

Аммо як нуктае, ки дар гузориши раисҷумҳур боиси таваҷҷӯҳи аксарият қарор гирифт, пешниҳоди вай буд, ки соли 2009-ро соли муассиси мазҳаби ҳанафии дини ислом Имом Абӯҳанифа, ки бо лақаби Имоми Аъзам маъруф аст, эълон ва ҳамзамон таъкид кард, ки дар соли оянда 1310-умин солгарди ин фақеҳи бузург таҷлил хоҳад шуд.

Аммо қабл аз он, ки ба ин қисмат аз суханронии худ наздик шавад, оқои Раҳмон бори дигар таъкид кард, ки ҳаводиси ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум дар Тоҷикистон натиҷаи мухолифат миёни рӯҳониюни кишвар будааст. Раисҷумҳур таъкид кард, ки 97 дарсад аз мусулмонони Тоҷикистон пайрави мактаби фиқҳи ҳанафианд ва ӯ аз фаъолияти мазоҳиб ва ҷараёноти навзуҳури динӣ, ки ҳадафи ҷудосозии арзишҳои миллиро аз ислом дунбол мекунанд, изҳори нигаронӣ кард.

Бо ин ҳол пешниҳоди таҷлили гиромидошти як фақеҳ ва муассиси мазҳаби бузурги динӣ аз сӯи раиси давлате, ки дар Қонуни асосиаш дин аз давлат ҷудо эълон шудааст ва он ҳам дар рӯзи таҷлил аз истиқлолияти давлатӣ садо медиҳад, то андозае ғайримунтазира талаққӣ мешавад.

Вале Абдуллои Раҳнамо, сиёсатшиноси ҷавони тоҷик, мегӯяд, пешниҳоди раисиҷумҳур аз ҳаводис ва таҳавуллоти воқеъии зиндагӣ маншаъ мегирад. Ва ин пешниҳод танҳо ҷанбаи диниву фарҳангӣ надошта, аҳдоф ва мавзӯоти фаротар, минҷумла амнияти давлатдориро низ дар назар дорад.

Фаррух Умаров, ҷомеъашинос аз Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд, бо ин иқдоми худ раисҷумҳур аз густариши ҷараёнҳо ва равияҳои тозаи мазҳабӣ, ки аз хориҷ ҳидоят мешаванд, назири «Ҳизб-ут-таҳрир» ва «Салафия», ҷилавгирӣ кардааст. Оқои Умаров бар ин назар аст, ки мазҳаби ҳанафӣ метавонад дар оянда дар Тоҷикистон барои ташаккули идеологияи миллӣ хидмат кунад.

Аммо ба эътиқоди Шокирҷон Ҳаким, устоди Донишгоҳи байнулмилалии шаҳри Душанбе, ин иқдоми раисиҷумҳур навъе мудохилаи давлат бар умури дин аст ва бо ҳадафи таҳти соя қарор додани масоҷиду муассисоти динӣ ва ҷилавгирӣ аз нуфузи рӯҳониён, ки ахиран фаъолияти густарда дар кишварро ба роҳ мондаанд, сурат гирифтааст.

Ба ин тартиб соли оянда дар Тоҷикистон ҳамчун соли гиромидошти Имом Абӯҳанифа - бунёдгузори маҳзабӣ ҳанафӣ ёд хоҳад шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG