Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкилоти диндорони Тоҷикистон


Тахриби канисаи яҳудиёни шаҳри Душанбе дар ҳафтаи гузашта пайравони ин мазҳабро аз ягона макони ибодати дастаҷамъӣ дар кишвар маҳрум кардааст.

Ин ниёишгоҳи яҳудиён дар ибтидои қарни ХХ, замоне ки дар Душанбе ду маҳаллаи яҳудиён мавҷуд буд, сохта шудааст. Ва ин канисаро дар соли 1952 ҳукумати шӯравӣ миллӣ кунонид. Аммо ду канисаи дигаре, ки он замон дар Душанбе мавҷуд буданд, аз тарафи мақомоти шӯравӣ маҳв гардонида шуданд. Дар ниҳояти амр, ба ҷомиъаи яҳудиён иҷоза дода шуд, ки дар ин хонаи хурд маросими ибодатро иҷро кунанд.

Ин канисаи яҳудиён ба далели он, ки дар маркази шаҳри Душанбе «Қасри миллат» бунёд мешаваду он фарогири боғу фаввораҳои зиёдест, ахиран ба хок яксон карда шуд. Дар ҳамин ҳол, сохтмони «Қасри миллат», ки тақрибан чор сол бад-ин сӯ идома дорад, даҳҳо сокинони ин маҳалро маҷбур кардааст, ки аз манозили худ берун ва ба канораҳои шаҳр кӯч банданд. Ҳатто як қисми низомии марбут ба дивизияи 201-уми Русия низ аз ин маҳал берун ва бинои марбут ба он вайрон шудааст. Бо ин ҳол, ягона канисаи яҳудиён барои пайравони он, ки аксаран афроди бозмонда ва аз аҳолии табақаи камбизоъатанд, маҳалли пайдо кардани ғизои бепул будааст. Ва яҳудиёни Душанбе ҳар шанбеи ахири ҳафта ба ҳам омада, дар канисаи хурд ба ниёиш мепардохтаанд ва суҳбатҳо мекардаанд. Ба қавли масъулони каниса, тахриби ин бинои садсола аз моҳи феврали соли 2006 шурӯъ гардид, аммо бо дахолат ва фишорҳои созмонҳои минтақавӣ ва байнулмилалии яҳудиён, инчунин созмони байнулмилалии ЮНЕСКО тахриби он ба чанд муддат мутаваққиф гардид.

Михаил Абдураҳмонов, масъули каниса: оё мо, яҳудиён, дар Душанбе ибодатгоҳи худ бо ин дарвозаро хоҳем дошт? (акс - аз бойгонӣ)
Аммо дар соли ҷорӣ бо даъвои ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе додгоҳи ин ноҳия оид ба тахриби ин бино қарор баровард. Раҳбари яҳудиёни Осиёи марказӣ Девид Гуревич ба радои «Озодӣ» гуфт, ки яҳудиён дар Тоҷикистон ҳудуди 2 000 сол боз иқомат доранд. Ва махсусан, ба таъкиди ӯ, қабл аз вуруди Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин кишвар беш аз 15 000 яҳудӣ дар Тоҷикистон ба сар мебурданд, ки бештаринашон яҳудиёни бухороӣ буданд ва бо забони тоҷикӣ ҳарф мезаданд. Аммо ҷамъияти яҳудиёни Тоҷикистон, ба ҳангоми бозсозӣ ва азҳампошии Шӯравӣ хеле ихтисор шуд. Яҳудиён дар замони ҷанги ахири шаҳрвандии Тоҷикистон ба Исроил ва кишварҳои дигари ғарбӣ муҳоҷират карданд. Ҳолодар Тоҷикистон ҷамъияти тақрибан 500-нафарии яҳудиён ба сар мебаранд.

Онҳо иддаъо мекунанд, ки каниса барояшон моҳияти таърихӣ касб кардааст. Дар ҳоле, ки як қисми яҳудиёни инҷо ҷиҳати бунёди каниса, ба истилоҳ, дасту дил шустаанд, иддаи дигари онҳо ҳанӯз умед доранд, ки рӯзе мақомоти шаҳрдорӣ ҷои хубе барои ибодати эшон ҷудо хоҳад кард. Назира Давлатова, як масъули равобит бо созмонҳои ғайриисломии раёсати дин дар вазорати фарҳанг, ба расонаҳо гуфтааст, ки онҳо ҳозир буданд, ба яҳудиёни Душанбе дар ҷои дигар барои бунёди иибодатгоҳ маҳалле ҷудо кунанд, аммо тақозои яҳудиён, ки танҳо дар маркази шаҳр мехоҳанд ибодатгоҳ дошта бошанд, онҳоро қаноъатманд накардааст.

Бо ин вуҷуд, бештари коршиносон бар ин назаранд, ки муносибат ва бархӯрди мақомоти Тоҷикистон бо диндорон як андоза тағйир кардааст. Ба гуфтаи онҳо, тахриби масоҷид, манъи ҳиҷоб, эҷоди ишкол дар роҳи чоп ва вуруди адабиёти мазҳабӣ, пешниҳоди тарҳи қонуни диниву иттиҳодияҳои динӣ ва тахриби канисаи яҳудиён аз ҷумлаи он мушкилоте ҳастанд, ки ҳукумати Тоҷикистон диндоронро мувоҷеҳашон кардааст ва равшан низ нест, ки ин ҳама Тоҷикистонро ба кадом сӯй хоҳад бурд.
XS
SM
MD
LG