Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

43 миллион корбари мобайл дар Осиёи Марказӣ


Бино бар пешбинии ширкати таҳлилии J'son & Partners, шумори корбарони телефонҳои мобайл дар 5 кишвари Осиёи Марказӣ имсол ба 43 миллион хоҳад расид. Феълан хадамоти телефони мобайл 35 дарсади ин минтақаро фаро гирифта, шумори корбарони телефонҳои ҳамроҳ дар Осиёи Марказӣ ҳудуди 35 миллион нафарро ташкил медиҳад. Дар сабқати кишварҳои минтақа, Қазоқистон бо наздики 15 миллион ва Узбакистон – бо 12,7 миллион корбари телефони мобайл ду мақоми аввалро ишғол мекунанд. Теъдоди SIM-картҳои фурӯхташуда дар Тоҷикистон 3, 5 миллион, дар Қирғизистон – ҳудуди 3 миллион, ва аммо дар Туркманистон – ҳамагӣ чизе дар ҳудуди 1 миллион баровард шудааст. Даромади ширкатҳои телефони мобайл дар Осиёи Марказӣ соли гузашта 3,6 миллиард долларро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG