Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвияти нерӯҳои Амрико дар Афғонистон


Президент Барак Обама қарори ба Афғонистон фиристодани наздик ба 17 ҳазор сарбози иловагиро, ки ба набарди зидди Толибон ҳамроҳ хоҳанд шуд, тасдиқ кард.

Обама гуфт, "вазъи бадшаванда" дар Афғонистон то ҳоло марвиди таваҷҷӯҳи стратегӣ ва тахсиси захираҳои фаврию зарурӣ қарор наёфтааст. Нерӯҳои изофӣ ба сафи 35 ҳазор сарбози Иёлоти Муттаҳида хоҳанд рехт, ки акнун дар Афғонистон мустақаранд. Аммо президент Обама ҳамчунин ҳушдор дод, ки мушкили Афғонистон фақат бо василаҳои ҳарбӣ ҳал нахоҳад шуд ва ӯ нақша дорад, талошҳои дипломатӣ ва рушдро низ думбол кунад.

Ба ҳайси нахустин қадами муҳими ҳарбӣ дар давраи раёсатҷумҳурияш, Барак Обама, ҳузури нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар
Нерӯи ҳарбӣ, дипломатия ва рушди иқтисодӣ бояд ҳамзамон корбаст шаванд...
Афғонистонро ба таври ҷиддӣ таҳким доданист.

Ҷамъан 17 000 сарбози иловагӣ, ба сифати бузургтарин қитъаоти нерӯҳои аршади дарёӣ баҳор ва тобистон, айёми боз шудани ағбаҳо ва афзоиши ҷангҳо вориди Афғонистон мешаванд. Қарор аст, онҳо ба густариши амният дар давраи интихоботи моҳи август мусоидат кунанд.

Обама дар як сӯҳбати телефонӣ бо президенти Афғонистон, Ҳомид Карзай, ин барномаро баррасӣ кард. Ин аввалин тамоси мустақими байни ду раҳбар аз замони оғози президентии Обама аст ва интизор меравад, шиддатро байни Кобулу Вошингтон, ки аз шубҳаҳо роҷеъ ба лаёқати раҳбарии Карзай сар задаанд, бизудояд.

Сухангӯи Карзай, Ҳумоюни Ҳамидзода ин ҳодисаро бо хушӣ оғози марҳилаи нав дар равобити ду кишвар номид. Вазорати дифоъи Афғонистон низ аз ин тасмим истиқбол кард. Сухангӯи ин вазорат Зоҳи Мурод ба хабаргузории Ройтерз гуфт, нерӯҳои нав дар минтақаҳои хатарноки ҷануб ва шарқи кишвар ҷобаҷо хоҳанд шуд. Дар ин манотиқ ва махусан дар ҷануби кишвар қувваҳои Бритониё, Канада ва Ҳолланд то ҳол натавонистаанд, дар таъмини амният пешрафте ба даст оранд.

Аммо Обама рӯшан кард, ки ба ҳалли мушкил танҳо бо валисаҳои низомӣ бовар надорад.

Дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Канада дар остонаи сафараш ба Оттава, Обама гуфт, муносибати ҳамаҷониба зарур аст бо истифода аз дипломатия ва рушди иқтисодӣ ҳамчун абзор.

Дар ин байн фишори икмолотӣ ба нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон афзоиш меёбад. Ҳамлаҳои Толибон дар моҳҳои охир роҳи икмолотии ағбаи Хайбарро аз Покистон ба Афғонистон мушкилгузар кардаанд. Ба гузоришҳо аз Бишкек, порлумони Қирғизистон рӯзи панҷшанбе аз пешниҳоди президентии қатъи дастрасии Иёлоти Муттаҳида ба фурудгоҳи "Манас" пуштибонӣ кард ва Қирғизистон ба Иёлоти Муттаҳида шаш моҳ мӯҳлат хоҳад дод, пойгоҳи дигар пайдо кунад.

Президенти Қирғизистон, Қурманбек Боқиев гуфтааст, амрикоиҳо нахостанд, барои истифода аз "Манас" пули бештар диҳанд, вале шореҳон мегӯянд, Бишкек пас аз ваъдаи 2 миллиард доллар кӯмаки Русия, ки хостори коҳиши нуфузи Амркио ба Осиёи марказист, ба бастани пойгоҳ иқдом кард.

Фармондеҳи минтақаии Иёлоти Муттаҳида генерал Девид Петреус ин ҳафта ба Узбакистон ҳамсоя сафар кард, ки як роҳи дигар и икмоли нерӯҳо дар Афғонистон дониста мешавад. Ҳамчунин як ҳайати бонуфузи ҳарбиёни Амрико ба Тоҷикистон сафар кард, то ин мавзӯъҳоро баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG