Пайвандҳои дастрасӣ

Коршиносон мегӯянд бе таҳияи як стратегияи нав барои Афғонистон, афзоиши нерӯҳо дар ин ҷо маънии муҳиме нахоҳад дошт.

Президенти Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама якҷо бо фармондеҳони аршади нерӯҳои мусаллаҳи Амрико чанд эҳтимоли афзоиши нерӯ дар Афғонистонро баррасӣ мекунад. Ҳарбиёни амрикоӣ мегӯянд, метавонанд, ба таври илова ба Афғонистон 30 000 сарбози дигар фиристода шавад. Вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида, Роберт Гейтс гуфт, ду фирқаи ҷангӣ дар баҳор ва яки дигар дар тобистон ба Афғонистон фиристода хоҳанд шуд.
Мушкили Афғонистон кӯтоҳмуддат нест...


Аммо ҳам намояндагони давлат ва ҳам коршиносон мегӯянд, ирсоли нерӯҳои наву иловагӣ гумон аст, ба ҳалли мушкил дар Афғонистон таъсири ҳалкунанда дошта бошад. Бо таъкид ба шикасту нокомиҳо дар Афғонистон ва роҳҳои ислоҳи вазъ пешниҳодҳои гуногун садо медиҳанд, аммо аввалин бор таҳлилгарон аз маркази "RAND Corporation" якҷо бо Пажӯҳишгоҳи Сулҳи Иёлоти Муттаҳида дар Вошингтон ин пешниҳодҳоро ҷамъбандӣ ва тартиби онҳоро муайян карданд.

Онҳо мегӯянд, бе таҳияи як стратегияи нав барои Афғонистон, афзоиши нерӯҳо маънии муҳиме нахоҳад дошт. Ба ақидаи муаллифони гузориш, Кристина Фея ва Сетс Ҷонс, аз оғози маърака дар Афғонистон амният мебоист ҳамчун бахше аз барномаи волоияти қонун ва бунёду таҳкими ниҳодҳои он арзёбӣ мешуд. Ва зимни ин артиш, полис ва додгоҳи Афғонистон бо кӯмакҳои байнулмилалӣ тақвият ва камол меёфт. Вале дар амал тамаркуз рӯи пирӯзии ҳарбӣ гузошта шуд. Ин ҳам дар ҳоле ки ҷангҳо сабаби ба манотиқи марзии Покистон фирор кардани ошӯбгарон ва бештар таҳти таъсири ал-Қоъида ва аносири хадамоти кашфи Покистон мондани онҳо гардид, ки дувумиҳо таърихан аз нооромӣ дар Афғонистон пуштибонӣ мекунанд.

Акнун пас аз ҳафт соли ҷанг дар Афғонистон ваъдаҳои амният ва давлати мардумӣ дар уфуқҳои дур боқӣ мемонад ва бисёриҳо ба натиҷае расидаанд, ки Амрико ва НАТО бар толибҳо пирӯз омада наметавонанд. Яке аз чунин мунаққидон, собиқ раисиҷумҳури Афғонистон Бурҳонуддини Раббонист, ки мегӯяд, тамаркуз ба амалиёти ҷангӣ иштибоҳест, ки дар вақташ шӯравиҳо карда буданд.

Ин ақидаи Раббонӣ вижаи гурӯҳи муайяни ҷомеаи Афғонистон нест. Шахсе ки як замон душмани Раббонӣ буд, собиқ вазири умури дохилӣ дар ҳукумати коммунисти Афғонистон, Сайидмуҳаммад Гулобзой мегӯяд: "НАТО ва Амрико бояд дар ҳама бобат токтикҳои худро тағйир диҳанд. Ин тағйир бояд бо назардошти мардуми Афғонистон ба амал ояд. Афзоиши нерӯҳои НАТО зарур нест, балки тақвияти нерӯҳои худи Афғонистон зарур аст. Ҳам артиш ва ҳам полис."

Муаллифони гузориши нави наҷоти Афғонистон, ки 12 моҳи охир дар ин кишвар ва Покистони ҳамсоя ба омӯзиши вазъ машғул буданд, менависанд, ба сурати куллӣ, ҳам Амрико ва ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ то ҳанӯз мақсади асосии худро дар Афғонистон рӯшан накардаанд ва барои бархе Ал-Қоиъда бузургтарин таҳдид асту барои дигаре қочоқи маводи мухаддир ё масъалаҳои дигар. Мақсадҳои пароканда сабаби талошҳои пароканда шудааст.

Тақрибан ҳамин дидгоҳро, собиқ вазири умури дохилии Афғонистон дар ҳукумати Карзай дар солҳои 2003-2005, Алӣ Аҳмад Ҷалолӣ низ тасдиқ мекунад. Вай мегӯяд: "Мушкили Афғонистон на кӯтоҳмуддат, даромуддат аст. Гаронқимат аст, на арзон. Минтақаист, на маҳаллӣ ва талошҳои ҳамоҳангро мехоҳад, на кӯшишҳои парокандаи 41 давлатро."

Ин кӯшишҳои пароканда, ба ақидаи муаллифон аз "RAND Corporation", асосан ба тақвияти ҳукумати марказӣ дар Афғонистон сарф шуд, ки хилофи таърихи ин мамлакат аст ва бояд ба қабилаҳову ниҳодҳои маҳаллӣ кӯмаку такияи бештар кард. Ҳукумати марказие, ки сохта шуд, иродаи сиёсие нишон надод, то аз фасод ҷилавгирӣ кунад ва ҷинояткоронро муҷозот кунад. Стратегияи наве, ки ин таҳлилгарон пешниҳод мекунанд, бунёди давлати Афғонистон на аз боло ба поён, балки аз поён ба болост, аз деҳу ноҳия то марказ. Ва бояд тамоми кор шавад, ки ба зудӣ ҳифзи амнияту интизом дар кишвар бар дӯши нерӯҳои худи Афғонистон дода шавад, то нерӯҳои байнулмилалӣ дар сурати ишғолгар падид наоянд.

Коршиноси тоҷик дар Душанбе, Қосимшоҳ Искандаров, мегӯяд, бетаваҷҷӯҳии нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ ба расму ривоҷ ва оину мазҳаби мардуми бумӣ, ҳалокати афроди бегуноҳ, занону мӯйсафедон дар бомбаборонҳои иштибоҳӣ, бекорӣ ва фақр сабаби савқи дубораи мардум ба сӯи толибҳо гашт ва ҳукумати Кобул низ ба ниёзҳои мардум расидагӣ накард.

Вай мегӯяд: "Тамоми қувва ба ҷустуҷӯи Усмоа бин Лодин сарф шуд ва ин имконият дод, толибҳо дар канор монанд ва дубора сафороӣ кунанд. Ноқаноатмандӣ аз фаъолиятҳои ҳам эътилофи байнулмилалӣ ва ҳам ҳукумати марказии Афғонистон сабаб гашт, ки акнун на танҳо дар мадрасаҳои покистонӣ, балки дар худи Афғонистон афроди навмедшуда ба толибҳо мепайванданд. Ба ҷои сари кор бо пайомадҳо, бояд бештар сабабҳои ин ҳолат, сабабҳои эҳёи толибон, майли мардум ба онҳо, дилсардии мардум ба ҳукумати Кобул таҳқиқ ва ба ин омилҳо расидагӣ шавад."

(Мусоҳиба бо Қосимшоҳ Искандаров дар гӯшаи рост ва болои сафҳа қобили шунидан аст.)

Искандаров ба фасодзадагии ҳукумат низ ишора мекунад, ки ҳамсадо бо гузориши байнулмилалист.
Ҳамчун яке аз чораҳои фаврӣ, Кристина Фея ва Сетс Ҷонс пешниҳод мекунанд, мансабдорони фосид, аз ҷумла онҳое ки дар тиҷорати маводи мухаддир даст доранд, ба ҷазо кашида шаванд ва аз ҳукумат ронда шаванд. Чораҳои зидди фасод, ба ақидаи онҳо бояд аз Вазорати умури дохилии Афғонистон сар шавад, аз идорае ки фасод дар он ислоҳоти полис, муборизаи зидди маводи мухаддир ва амнияти марзҳоро ба шикаст рӯбарӯ кардааст.

Дар гузориш гуфта мешавад, бо вуҷуди он ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ваъдаҳои худро дар расондани кӯмаки молӣ ба Афғонистон то охир ба ҷо наовардааст, мушкили асосӣ ин ҷо камбуди маблағ нест, балки истифодаи он аст, ки дар ивази тақвияти ҳукумат ба заъфи он сабаб гашт. Ниҳодҳои байнулмилалӣ бояд якҷо бо Вазорати молияи Афғонистон корбурди кӯмакҳои ҷаҳонӣ ба Афғонистонро таҳти назорат ва муроқибаи муназзам бигиранд. Дар ин барномаҳо, меафзоянд муаллифон, беҳбуди равобит бо ҳамсоягон ва тақвияти марзҳои Афғонистон ҷойгоҳи каме доранд. Афғонистон бояд ба мадади ҳамсоягон такия кунад ва барои равобит бо Покистон барномаи қавию густардае дошта бошад. Аксари коршиносон мегӯянд, бояд ҳамон ғайрат ва ваҳдати умумии соли 2001 даркор аст, то маъаракаи Афғонистон як оғози дуборае пайдо кунад.
XS
SM
MD
LG