Пайвандҳои дастрасӣ

ҲИУ: Терроризм бо собиқаи даҳсола


Тоҳир Юлдошев раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон муаррифӣ мешавад

Тоҳир Юлдошев раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон муаррифӣ мешавад

Даҳ соли пеш, субҳи 16-уми феврали соли 1999, дар маркази шаҳри Тошканд садои як силсила инфиҷорҳо ба ҳаво печида буд.

Он бомбгузориҳо ҷони 16 нафарро рабуда буданд. Он вақт дар Осиёи Марказӣ кам касоне аз вожаи "терроризм" истифода мекарданд. Аммо имрӯз мебинем, ки баъзе гурӯҳҳои ба истилоҳ "машкук" ва "мамнӯъ" бо табаҳкориҳои худ шӯҳрат доранд. Баъзе аз онҳо ҳатто дар хориҷ аз минтақаи Осиёи Марказӣ низ шинохта шудаанд. Яке аз онҳо гурӯҳест, ки ин бомбгузориҳоро дар Тошканд анҷом дод, ҳоло бо номи "Ҳаракати исломии Ӯзбакистон" маъруфият дорад. Дар рӯзҳои бомбгузорӣ ин гурӯҳ шинохтанашуда буд. Танҳо баъд аз ҳодисаи Тошканд ин гурӯҳ дар тобистони ҳамон сол бо номи "Ҳаракати исломии Ӯзбакистон" ном баровард.

Раҳбарии ин гурӯҳро Ҷумъаи Намангонӣ бар ӯҳда дошт, шахсе, ки дар солҳои таҷовузи Шӯравӣ дар Афғонистон хидмати аскариро ба сар расонд ва баъдтар дар дар ҷанги дохилии солҳои 1992-1997-и Тоҷикистон аз ҷониби мухолифони исломӣ бар зидди нирӯҳои давлатӣ ҷангид. Иддао мешавад, ки қабл аз бомбгузориҳои Тошканд Ҷумъаи Намангонӣ аз Афғонистон то ба ҷануби Қирғизистон хатти қочоқи маводди мухаддирро боз карда буд.

Баъд аз бомбгузориҳои Тошканд тобистони ҳамон сол "Ҳаракати исломии Ӯзбакистон" эълон кард, ки аз кӯҳҳои Тоҷикистон гузаштааст ва барои расидан ба хоки Ӯзбакистон дар Қирғизистон бо нирӯҳои ин кишвар машғули даргириҳост. Вале дар тобистони соли 2000-ум ин ҷунбиш натавонист ба ҷануби шарқи Ӯзбакистон роҳ ёбад ва задухӯрдҳояшро дар ҷануби Қирғизистон идома диҳад. То тобистони соли 2001 ба гурӯҳи хурди он муясар шуд, ки як ҳамлаи кӯчак анҷом диҳад.

Гурӯҳҳои аслии ин ҷунбиш дар Афғонистон ё минтақаҳои дигар фаъолият мекарданд ва ба ал-Қоидаву Толибон пайваста буданд. Баъд аз ҳамлаҳои террористии 9-уми сентябри соли 2001 ба Амрико, ин ҷунбиш низ ҳамзамон бо мубориза бар зидди терроризми байнулмилалӣ яке аз ҳадафҳои нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон ва нирӯҳои Эътилофи зидди террор қарор гирифт.

Баъд аз вуруди нирӯҳои Эътилоф ба Афғонистон вазъи "Ҳаракати исломии Ӯзбакистон" дар атрофи шаҳри Қундузи Афғонистон дар моҳи октябри соли 2001 бад шуд. Ҳатто гузоришҳое пахш шуданд, ки Ҷумъаи Намангонӣ дар амалиёте кушта шудааст. Бо ҳамлаи нирӯҳои эътилоф ин ҷунбиш ба гурӯҳҳои хурд тақсим шуд ва нисфе аз он ба баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ ва баъзеи дигар ба маҳаллоти қабиланишини Покистон фирор карданд.

Аз он вақт то ба ҳол ин ҷунбиш мисли солҳои 1999 ва 2000-ум аз ҳастии худ дарак надодааст. Аммо ахиран ин ҷунбиш бо нашри як навори видеоӣ ба Олмон барои як ҳамлаи номаълуми ҳавоӣ дар Вазиристони Ҷанубӣ таҳдид кард. Дар ин миён моҳи июни соли 2005 "Ҳаракати исломии Ӯзбакистон" тавонистааст, дар назди вазорати умури изтирории Тоҷикистон ва дар моҳи маи соли 2006 дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳамлаҳое анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG