Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал Петреус ба Узбакистон рафт


Бино ба иттилоъи сафорати Амрико дар Тошканд, генерал Дэвид Петреус, фармондеҳи нирӯҳои Амрико дар Ироқ ва Афғонистон рӯзи 17 феврал дар мулоқоташ бо Ислом Каримов, раисҷумҳури Ӯзбакистон, бо вазири хориҷа ва вазири дифоъи ин кишвар масъалаи гушоиши роҳҳои ҳамлу нақли колову мавод барои нируҳои Амрико дар Афғонистонро баррасӣ кард.

Хонум Молӣ Стефенсон, сухангӯи сафорати Амрико дар Тошканд ба радиои Озодӣ гуфт, генерал Петреус мехоҳад дар бораи дурнамои масъалаҳои амниятии минтақа ва беҳтарин роҳи ҳалли он, ба вижа дар робита бо Афғонистон, назари Ӯзбакистонро бишнавад.

Дидори генерал Петреус аз Ӯзбакистон дар ҳоле анҷом гирифт, ки 3-юми феврал Қирғизистон ба таври якҷониба бастани пойгоҳи низомии Амрико дар фурӯдгоҳи Манасро эълон кард. Қарор аст, порлумони Қирғизистон 19-уми феврал дар иҷлоси умумии худ ин масъаларо баррасӣ кунад ва ба райъдиҳӣ гузорад. Раҳматуллоҳ Абдуллоев, таҳлилгари умури минтақа мегӯяд, чунин ба назар мерасад, ки ҷониби Амрико мунтазири тасмими порлумони Қирғизистон нест ва дар ин рӯзҳо ҳайъатҳои боломақоми низомии Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ боздид ва роҳҳои ҳамсони ҳамлу нақли коло тавассути хоки ин кишварҳоро баррасӣ мекунанд. Аз ҷумла, тақрибан ҳамзамон бо боздиди генерал Дэвид Петреус аз Тошканд, ҳайъати дигари боломақоми низомии Амрико ба раҳбарии дарёсолор Марк Ҳарничек рӯзи 18 феврал аз Тоҷикистон боздид ва ҳамин масъалаҳоро бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон баррасӣ мекунад.

Қирғизистон дар ҳоле дар бораи бастани пойгоҳи Манас изҳорот пахш кард, ки Русия бо Қирғизистон як қарордоди 2 миллиард долларӣ имзо кард ва қавл дод, ки дар сохтмони ниругоҳҳои барқи обии Қирғизистон сармоягузорӣ мекунад. Бо назардошти ин, Сайфуллоҳ Сафаров, муовини раиси пажӯҳишгоҳи стратегии вобаста ба дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳалли ҳамаи масъалаҳо ва ҳамкории кишварҳои Ғарбӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамеша масъалаҳои молӣ матраҳ будааст:

"Акнун мебинем, ки кӣ бештар ба Қирғизистон кӯмак мекунад ва кӣ бештар ба Тоҷикистон. Албатта, ҳар тарафе, ки кӯмакро бештар кунад ва ба ин кишварҳо имкониятҳои бештар диҳад, он албатта, ғолиб хоҳад омад, чунки ҳоло ҳам Русия ба ҳифзи манфиатҳои худаш машғул аст, ҳам Ӯзбакистон ва ҳам Тоҷикистон. Тоҷикистон, ки то ҳол каме ба хотири Русия баъзе муҳофизакорӣ нишон медод, дар вақтҳои ахир бисёр дақиқ ва бисёр ҷасурона масъалаҳои миллӣ ва манфиъатҳои миллии худашро пеш гузоштааст ва бо ҳар кадоме аз он кишварҳое, ки бо Тоҷикистон муносибатҳояшро хуб кунад, кӯмак кунад, мо бо ҳамон муносибатҳои дӯстонаамонро беҳтар мекунем ва ҳамкориҳоямонро бештар".

Дар пойгоҳи Манаси Қирғизистон ҳудуди ҳазор низомӣ мустақаранд ва ба он воҳидҳои маҳдуди низомии Фаронса ва Испания низ шомиланд. Аз соли 2002 нирӯҳои Олмон дар фурӯдгоҳи Тирмизи Ӯзбакистон мустақаранд. Ин нирӯҳо аслан ба кӯмакҳои икмолотӣ ба нирӯҳои Амрикову паймони НАТО дар Афғонистон машғуланд. Аз оғози амалиёти зидди террори Амрико ва нируҳои эътилофи зидди террор дар Афғонистон дар соли 2001 то замони интиқоди Амрико ва Иттиҳоди Аврупо аз саркӯбии тазоҳуроти Андиҷон дар соли 2005 дар Хонободи Ӯзбакистон низ пойгоҳи низомии Амрико ҷойгир буд.

Молӣ Стефенсон, сухангӯи сафорати Амрико дар Тошканд дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи дубора боз кардани пойгоҳи Амрико дар Хонобод дар гуфтугуҳои Петреус бо мақомоти Узбакистон ба нақша гирифта нашудааст. Хонум Стефенсон гуфт, генерал Петреус дар ин боздидаш масъалаи пойгоҳҳои низомиро баррасӣ нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG