Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кадима, Ликуд, Исроил Бейтену - аъзои Кнессети нав


Натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи парлумонии Исроил ҳокӣ аз он аст, ки ҳеҷ як аз ҳизби сиёсӣ натавонист пирӯзии ҷиддиро бар рақибонаш ба даст оварад. Баъди ҳисоби қариб ҳама варақаҳо, пешгӯӣ мешавад, ки ҳизби маркарзгарои Кадима дар Кнессети иборат аз 120 курсӣ 28 ҷоро аз они худ кардааст. Дар пай Ликуди ростгаро бо 27 курсӣ қарор гирифт. Вазири хориҷаи Исроил Тсипӣ Ливнӣ, раҳбари Кадима аз раҳбари Ликуд нахуствазир нахуствазир Бенямин Нетаняҳу даъват кард, ки барои таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ ба ӯ ҳамроҳ шавад.

"Шоми имрӯз ман ба Бенямин Нетаняҳу муроҷиат мекунам. Пеш аз он ки таърихи интихобот таъин мешуд, ман аз шумо даъват кардам, ки таҳти раҳбарии ман ба таъсиси як ҳукумати ваҳдати миллӣ бипайвандед, то ки бо ҳамон чолишҳое, ки давлати Исроил рӯбарӯ шудааст, ҳамроҳ муқобила кунем. Шумо инро рад кардед. Шумо рад кардед ва гуфтед, ки мардум бояд ҳал кунанд, мардум бояд таъин кунанд. Мардум имрӯз тасмим гирифтанд ва ин тасмим Кадима аст!".

Нетаняҳу ваъда дод, ки худи ӯ раҳбарии ҳукумати навро ба ӯҳда мегирад. Вай гуфт:

"Бо хости худо, ман раҳбарии ҳукумати навро ба дӯши худ мегирам. Мутмаинам, ки дар ташкили як ҳукумати хуб, васеъ ва мӯтадил, ки тавонад бо бӯҳронҳои иқтисодиву амниятӣ муқобила кунад, муваффақ мешавам".

Ҳизби миллатгарои сиёсатмадори зодаи Шӯравии пешин Авигдор Либерман дар мақоми сеюм қарор гирифта метавонад дар таъсиси ҳукумати эътилофӣ нақши калидӣ иҷро кунад. Либерман гуфт, ки ҳанӯз аз имкони ташкили эътилоф бо яке аз ду ҳизби пирӯз сарфи назар накардааст.
XS
SM
MD
LG