Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммади Хотамӣ ба саҳна бармегардад


Раисиҷумҳури пешини Эрон Муҳаммади Хотамӣ гуфт, номзадиашро ба интихоботи навбатии раёсатҷумҳурӣ, ки моҳи июн доир мешавад, пешбарӣ хоҳад кард. Муҳаммади Хотамӣ дар интихоботи моҳи июн бо раисиҷумҳури кунунии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод вориди рақобат хоҳад шуд. Хотамӣ аз соли 1997 то соли 2005, тайи ду давра раҳбарии давлати Эронро бар ӯҳда дошт ва ҳамчун раисиҷумҳури ислоҳталаб ва ҷӯёи равобити хубтар бо Ғарб тавсиф мешуд. Дар низоми Ҷумҳурии исломии Эрон президент шахсияти бонуфузи сиёсӣ маҳсуб мешавад, вале сиёсати кишварро амалан раҳбари рӯҳонияш оятуллоҳ Алии Хоманаӣ таъйин мекунад.
XS
SM
MD
LG