Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон сафарашро аз тамошои хоккей оғоз кард


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон силсиласафараш ба кишварҳои Аврупоро рӯзи 8 феврал аз дидори Латвия оғоз кард. Шоми якшанбе ӯ ҳамроҳ бо ҳамтои латвониаш Валдис Затлерс дар Рига бозии хоккей байни тимҳои Латвия ва Итолиёро тамошо кард. Музокироти дуҷонибаи ҳайатҳои Тоҷикистону Латвия имрӯз доир мешавад. Шоми имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар раъси ҳайъати олии кишвараш озими Брюссел хоҳад шуд. Дар Брюссел оқои Раҳмон бо раҳбарони Белгия ва мақомоти баландпояи Иттиҳодияи Аврупо мулоқот мекунад. Суханронии ӯ дар парлумони Аврупо низ дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG