Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иванов мулоқот бо Байденро "аҷиб" хонд


Сергей Иванов муовини нахуствазири Русия имрӯз гуфт, ҳукумати кишвараш паёмҳои қавиеро аз майли ҳукумати нави Амрико барои беҳбуди равобити ду кишвар мешунавад. Ин ҳарфҳоро вай пас аз мулоқоташ бо Ҷоу Байден – муовини раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ба забон овард. Сергей Иванов мулоқоташ бо оқои Байденро “бисёр аҷиб” унвон кард ва гуфт, раҳбарони Русия ва Амрико қодир ба бознигарӣ ба мушкилоти феълӣ дар равобити дуҷонибаанд. Ба гуфтаи Сергей Иванов, майли ниҳоят қавии ҳукумати нави Амрико барои тағйирот, “хушбинӣ” бармеангезад. Як рӯз пеш аз ин мулоқот Ҷоу Байден дар ҳамоиши амниятӣ дар шаҳри Мюних гуфт, Амрико ва Русия бояд ба ҳаракати ҳамкории НАТО ва Русия ба самти хатарнок хотима диҳанд. "Тайи чанд соли ахир шоҳиди рахнаи хатарноке дар ҳамкориҳои Русия ва аъзои паймони мо шудааст. Ҳоло вақти таъкиди ибораи Обама аст, ки бояд тугмаи бозгаштро зер кунем." Байден гуфт, Амрико ва Русия метавонанд, дар баъзе аз масоил ихтилофи назар дошта бошанд, аммо метавонанд дар арсаҳое, ки манофеъашон ба ҳам меоянд, кор кунанд. Ҳамкориҳои Русия ва Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ баъди муноқиша бо Гурҷистон ва қасди Амрико барои истиқрори сипари дифоъи мушакӣ дар Аврупои Шарқӣ латма дид.
XS
SM
MD
LG