Пайвандҳои дастрасӣ

Туркманистону Афғонистон ҳамкориҳоро баррасӣ мекунанд


Муҳаммад Исмоилхон-вазири обу энержии Афғонистон барои як боздиди корӣ дар Туркманистон қарор дорад. Боздиди вай аз Ишқобод-пойтахти Туркманистон дирӯз шурӯъ шуд. Нур-ул-Ҳақ-сухангӯи вазорати обу энержии Афғонистон ба радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни ин боздид доираи васеъи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои энерживу нақлиёт ва тарҳҳои марбут ба зербанои Афғонистон баррасӣ мешавад. Туркманистон изҳори омодагӣ кардааст, ки барои рушди иҷтимоъиву иқтисодӣ дар Афғонистон сармоягузоӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG