Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин мусоҳибаи Обама бо телевизиони арабӣ


Президенти Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, гуфт, кишвараш омодааст вориди гуфтушунид бо Эрон шавад ва чаҳорчӯбу шеваи ин музокираҳоро таҳия мекунад. Ин нуктаро Обама дар мусоҳибааш бо шабакаи телевизионии Ал-Арабия, ки дар Дубай марказ дорад, баён намуд. Ин нахустин мусоҳибаи Обама бо як телевизиони арабӣ баъд аз оғози кораш дар мақоми президенти Амрикост. Қаблан сафири Иёлоти Муттаҳида дар Созмони Милали Муттаҳид, Сюзан Райс низ хостори гуфтушуниди мустақим бо Эрон шуд, аммо афзуд, саркашии Теҳрон аз иҷрои талабҳои Шӯрои Амният фишор ба Эронро афзоиш хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG