Пайвандҳои дастрасӣ

Меъёри интиқоли барқ дар Тоҷикистон шадид мешавад


Меъёри интиқоли барқ дар Тоҷикистон шадидтар мешавад ва аз ин баъд сокинони кишвар фақат се соат дар шабонарӯз аз нерӯи барқ бархурдор хоҳанд буд. Пулод Муҳиддинов, муовини аввали вазири саноат ва энерҷии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, мушкил баъди он ба амал омад, ки Узбакистон транзити нерӯи барқи Туркманистон тавассути қаламраваш ба Тоҷикистонро қатъ кард. Ба иттилоъи ӯ, коҳиши нерӯи барқ ба фаъолияти корхонаи алюминиюми Тоҷикистон низ таъсир гузоштааст.

Тибқи созиши миёни Душанбе ва Ашқобод, Туркманистон дар фасли сармо ба Тоҷикистон 1,2 млрд. киловатт-соат нерӯи барқ медиҳад. Ба гуфтаи Пулод Муҳиддинов, ҷониби Узбакистон изҳор карда буд, ки дар транзити нерӯи барқ мушкиле ба миён нахоҳад омад ва аммо аввалҳои моҳ бо далели садама дар яке аз бунгоҳҳои интиқоли барқ аз созиш дар бораи транзити нерӯи барқи Туркманистон то моҳи март хориҷ шуд.

Ба гуфтаи Пулод Муҳиддинов, Тоҷикистон музокирот бо Узбакистонро идома медиҳад ва рӯзҳои наздик ҳайати ҳукуматӣ таҳти раёсати муовини сарвазир Муродалӣ Алимардонов ба Тошканд сафар хоҳад кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG