Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кейт Уинслет рақиби Анжелина Ҷолӣ


Академияи синамои Амрико филмҳо ва ҳунарпешаҳои довталаби бонуфузтарин ҷоизаи олами кино - “Оскар”-ро эълом намуд.

Довталабҳоро ҳунарманд, продюсер ва филмгардон Форрест Уайтакер ва раиси Академияи филмҳои тасвирй Сид Ганис муаррифӣ намуданд.

Тавре тахмин зада мешуд, “Парвандаи аҷиби Бенҷамин Баттон”, ки нақши асосии мардонаро дар он Брэд Питт бозидааст, аз нигоҳи шумораи номзадиҳо дар ҷойи аввал аст. Дар умум, ин филми ҳунарй дар 13 бахш, аз ҷумла, беҳтарин филми сол, беҳтарин коргардон, беҳтарин ҳунарпешаи зан дар нақши дуввум ва беҳтарин ҳунарпешаи мард дар нақши асосй барои дарёфти муҷассамаҳои тилоии Оскар талош хоҳад кард.

Дар ҷойи дуввум аз рӯйи шумораи номзадиҳо филми “Миллионери зоғанишин” аст, ки дар даҳ бахш довталаби Оскар шудааст. “Бэтмен“ ва “Шир” бо касби ҳашт номзадӣ дар мақомҳои севум ва чорум ҷойгир шудаанд.

Барои дарёфти ҷоизаи филми беҳтарин “Миллионери зоғанишин”, “Шир”, “Фрост бар зидди Никсон”, “Парвандаи аҷиби Бенҷамин Баттон” ва “Хонанда” бо ҳам сабқат мекунанд.

Барои беҳтарин иҷрои нақши зан номзадҳо инҳоянд: Эн Ҳасавей (“Рейчел ба шавҳар мебарояд”), Анжелина Ҷолӣ (“Бачаи дуздӣ”), Мелиса Лео (“Рӯди яхбаста”), Мерил Стрип (“Шубҳа”), Кейт Уинслет (“Китобхон”)

Ҷолӣ ва Стрип соли гузашта соҳиби Оскар шуда буданд, ва аммо Уинслет, ки панҷ бор барои дарёфти он пешбарӣ шудааст, то ҳол ягон муҷассамаи тилоиро нагирифтааст.

Барои дарёфти ҷоиза дар бахши ҳунарпешаи беҳтарини мард Микки Рурки 52-сола, ки дар филми “Гуштигир” нақши асосиро бозидааст, бо Ричард Ҷенкинс (“Меҳмон”), Франк Лангела (“Фрост бар зидди Никсон”), Шон Пен (“Шир”) ва Бред Питт (“Бенҷамин Баттон”) рақобат хоҳад кард.

Дар бахши беҳтарин коргардон Девид Финчер (“Парвандаи аҷиби Бенҷамин Баттон”), Рон Ховард (“Фрост бар зидди Никсон”), Гас Ван Сент (“Шир”), Стефен Далдри (“Хонанда”) ва Данни Бойл (“Миллионери зоғанишин”) талош меварзанд.

Барои беҳтарин филми тасвирӣ “Валлӣ”, “Болт” ва “Кунг-фу Панда” номзад шудаанд.

Маросими супурдани муҷассамаҳои тиллоии Оскар 22 феврал дар Лос-Анҷелес баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG