Пайвандҳои дастрасӣ

Амирхон - ситораи синамои Ҳинд дар Душанбе


Барои нахустин бор ба Тоҷикистон ситораи синамои Ҳинд, синамое, ки аксари мардуми тоҷик шефтааш мебошанд, синамое, ки аввалин муаллими ишқ барои аксари ҷавонон будааст, омад. Тӯли як ҳафта Амирхон меҳмони Тоҷикистон буд. Амирхон як порае аз филми навбатии худро дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ба навор гирифт. Бо хоҳиши хабарнигори Радиои Озодӣ Амирхон дар бораи филми тозааш маълумоти муфассалтаре дод:
«Филм «Қиём» (The Rising) ном дорад ва дар асоси воқеъоти соли 1857 бунёд ёфтааст. Он дар бораи муборизаи Мангал Панди (Mangal Pandey) бар зидди истилогарони бритониёӣ ҳикоя мекунад. Ширкати бритонии «East India» он замон бо ҳадафи идораи кулли Ҳиндустон таъсис ва ба мамлакати мо омада буд ва мардум бар зидди онҳо бархоста буданд. Аммо ҳадафи филм нишон додани баробарии одамон ва қадри озодии инсон мебошад. Ҳарчанд филм дар асоси ҳаводиси ду қарни пеш ба навор гирифта мешавад, мавзӯъи он барои имрӯз низ мубрам аст ва аз аҳамият холӣ нест.»
Нақши асосӣ-нақши Мангал Пандиро дар филм Амирхон бозӣ мекунад. Дар филм ҳамчунин ситораҳои синамои Ҳинд, Рани Мухерҷӣ (Rani Mukherjee) ва Амиша Пател (Amisha Patel) нақш мебозанд. Нақши капитан Уилям Гордонро (Captain William Gordon) ҳунарманди инглис Тоби Стифенс (Toby Stephens) мебозад. Ин ҳунарманд ба мухлисони синамо аз филмҳои «Die Another Day» ва «Onegin» шинос аст. Коргардони филм Кетан Меҳта (Ketan Mehta) мебошад. Исми Кетан Меҳта ҳамчун коргардони филмҳои «Hero Hiralal» ва «Oh Darling, Yeh Hai India» маъруф аст. Ва аммо дар Тоҷикистон як саҳнаи задухӯрди байни инглисҳо ва афғонҳо ба навор гирифта шудааст. Ба гуфти ҷаноби Амирхон онҳо маҳз бо ҳадафи навори ҳамин қисми филм ба Тоҷикистон омадаанд:
«Мо барои навори ин қисми филм маконеро ҷустуҷӯ доштем, ки ба Афғонистон монанд бошад. Мо як ҳафта боз ин ҷо қарор дорем ва навори филм бо хубӣ пеш меравад. Дар филм тақрибан 400 нафар аз мардуми маҳаллӣ нақши саворагон ва сарбозонро мебозанд. Аз Тоҷикистон ҳунарманди касбие бозӣ намекунад».
Ба суоли он, ки ҳини навори филм дар Тоҷикистон гурӯҳи синамогарони ҳинд ба мушкилие мувоҷеҳ гаштаанд ё на, Амирхон чунин посух дод:
«Ягон мушкилие, ки барои наворгирии филм ғайриодатӣ бошад, моро дунболгир нашуд. Ҳар мушкилие, ки доштем, мушкилии муқаррарӣ буд. Ва ин мушкилот ба макони навор заррае рабт надоранд. Ин гуна мушкилот филмбардоронро новобаста ба кишваре дунболгир ҳастанд. Аммо мардуми маҳаллие, ки дар нақшҳои умумӣ бозӣ мекарданд, кори ҳунармандиро ҷое наомӯхтаанд, вале кор бо онҳо гуворо буд. Ин мардум хеле меҳмондӯст будаанд».
Аммо субҳи рӯзи ҷумъа, як рӯзи қабл аз бозгашти гурӯҳи синамогарони ҳинд, дар роҳи аз пойтахт ба макони наворгирӣ як мошини онҳо ба нохушие дучор гаштааст. Ҷаноби Амирхон гуфт, садамаи ҷиддие набудааст ва касе осеби сахте надидааст. Танҳо як хонуми ҳинд, ёвари коргардон каме зарар дида бо беморхона бурда шудааст. Дар мавриди бӯҷаи филм Амирхон тахмин зад, ки он тақрибан 6-7 миллион долларро ташкил хоҳад дод. Филмро ширкати филмофаринии худи Амирхон ба навор мегирад. Амирхон гуфт, чанд соли охир бештар ба кори продюссерӣ машғул аст ва аз ин рӯ дар филмҳо камтар нақш меофарад. Ба гуфти худаш танбал шудааст.
Амирхон нахустин нақши худро дар Болливуд ҳанӯз дар ҳаштсолагияш, соли 1973 дар филми «Yaadon Ki Baaraat» ва ё «Хотироти хостгорӣ» бозида буд. Аммо филме, ки ба ӯ шуҳрат овард, филми «Qayamat Se Qayamat Tak» (1988), «Аз қиёмат то қиёмат» буд, ки онро мухлисони тоҷик бо номи «Приговор» ва ё «Ҳукм» мешиносанд. Он ҳангом Амирхон 23 сол дошт. Филмҳои «Dil»(1990), «Raja Hindustani» (1996) «Ishq» (1997), «Sarfarosh»(1999) аз филмҳои ба қавле бестселлерҳои Амирхон маҳсуб мегарданд. Филми «Lagaan: Once upon a time in India» ва ё «Боре дар Ҳиндустон», ки соли 2001 ба навор гирифта шуда буд, ба ҷоизаи амрикоии Оскар номзад гардида буд.

Аз Амирхон пурсидам, ки оё ӯ ба фикри мунаққидони синамо оид ба тағйирёбии шакл ва мазмунҳои филмҳои Болливуд розӣ ҳаст ё на? Пурсид, мушаххасан чӣ чизе тағйир ёфтааст? Гуфтам, барои мисол, дигар қаҳрамони филм бо як зарба даҳ нафарро ба даҳ тараф парешон карда наметавонад, саҳнаҳои ишқварзии рӯйрост низ бештар шудааст, яъне саҳнаҳои филм хеле воқеъитар гардидаанд. Амирхон шӯхикунон чунин посух дод:
«Ман ҳозир ҳам метавонам бо як зарба даҳ нафарро афтонам. Аммо агар ҷиддӣ гӯем, ҳама чиз моили тағйирёбист ва ҳамчунин саноати филмофаринии Ҳиндустон низ тағйир ёфтааст. Зеро талаботи тамошобин тағйир ёфтааст ва тамошобин дигар саҳнаҳои ба воқеъият наздикро мехоҳад бубинад, саҳнаҳои ҳаётиро.»

Боз пурсидам, ки мегӯянд, ҳунармандони ҳинд ба якборагӣ дар якчанд филм нақш меофаранд. Чӣ гуна онҳо имкон ва вақт меёбанд барои ин кор? Амирхон китф бар ҳам кашида посух дод, ки ҳатто ӯ намедонад чи гуна?
Амирхон дар оилаи ҳунармадон тавлид шудааст. Падараш Тоҳир Ҳусайн низ ҳунарманд ва коргардон аст. Аз ҳамсари нахустинаш Рина (Reena Dutta) ду фарзанд дорад. Соли гузашта аз girlfriend ва ё дӯстдухтараш, нависандаи англис Ҷессика Ҳайнз (Jessica Hines) низ писардор шуд. Амирхон мегӯяд, фарзандонашро беш аз ҳама чиз дар дӯнё дӯст медорад ва ҳар лаҳзаи фориғ аз кори худро бо онҳо мегузаронад:
«Ман бо фарзандонам буданро дӯст медорам.Китобхониро дӯст медорам. Варзишро меписандам, теннис, крикет, шоҳмот. Аммо аз Тоҷикистон омаданам бисёр хурсандам. Ин ҷо дидам, ки чӣ хел мардум нисбати ман маҳбубият доранд, ман фаҳмидам, ки маро бисёр дӯст медоштаанд, манн дидам, ки чӣ хел маро самимона пазироӣ мекунанд. Барои ман ин хушбахтист, ки маро дар Тоҷикистон мешиносанд, филмҳои маро дидаанд»
XS
SM
MD
LG