Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Оскар»-2008


Коргардони утришӣ Стефан Рузовитскӣ, бо ҷоиза барои беҳтарин филми
Коргардони утришӣ Стефан Рузовитскӣ, бо ҷоиза барои беҳтарин филми

Асари бародарони амрикоӣ Коэнҳо «Дар инҷо ба пирон ҷой нест» беҳтарин филми ҷашнвораи «Оскар» дар соли 2008 дониста шуд.

Муддаъиёни ҷоизаи асосии ин ҷашнвораи бонуфузи академияи синемои Амрико ҳамчунин филмҳои «Растагорӣ»-и коргардон Ҷо Райт, «Нафт»-и Пол Томас Андерсон, «Ҷуно»-и коргардон Ҷейсон Рейтман и филми Тони Гилро «Майкл Клейтон» буданд, вале ҳайъати доварони ҷашнвора маҳз филми бародарон Итҳан ва Ҷоэл Коэнҳо «Дар инҷо ба пирон ҷой нест»-ро беҳтарин филми сол унвон карда, ба он ҷоизаи асосии ҷашнвораи «Оскар» – муҷассамаи тилоро сазовор донист.
Лозим ба тазаккур аст, ки ин филми бародарон Коэнҳо дар маҷмӯъ чаҳор муҷассамаи тилоии ҷашнвораи имсоларо касб намуд. Аз ҷумла, академияи синемои Амрико ба филми мазкур ҷавоизи асосии «Оскар»-ро барои беҳтарин коргардонӣ, беҳтарин филмномаи мутобиқшуда ва беҳтарин нақши марди саҳнаи дувум (Ҳавйер Бардем) сазовор донист.
Ёдовар мешавем, ки филми бародарон Коэнҳо даставвал 8 ҷавоизи номиносюнҳои «Оскар»-ро ба даст оварда буд.
Ҳунарпеша Дэниел Дэй-Люис, ки дар филми «Нафт»-и коргардон Пола Томас Андерсон нақш бозида буд, сазовори ҷоизаи тилоии «Оскара» барои беҳтарин нақши мард гардид. Ин филм, ки дар 8 номиносюн муддаъӣ буд, ҳамагӣ 2 «Оскар»-ро соҳиб шуд.
Филми «растагорӣ», ки дар 7 номиносюн ширкат намуда, мукофотҳои гуногунро ба даст овард, танҳо як ҷоизаи асосии ҷашнвораро касб намуд. Ҳунарпеша Марион Котийяр бо бозии аълои худ дар нақши Эдит Пиаф (филми «Зиндагӣ дар ранги бунафш») ҷоизаи тилоии «Оскар» барои офаридани беҳтарин нақши занро мушарраф гардид. Ҳамагӣ ин филми Оливйе Даан ду ҷоизаро ба даст овард. Дябло Кодӣ, филмноманависи «Ҷуно», низ сазовори ҷоизаи беҳтарин гардид. Филми «Ултиматуми Борн» дар бахшҳои фаннӣ се «Оскар»-ро ба даст овард.
Филми утришии «Қаллобон» беҳтарин (коргардон - Стефан Рузавитскӣ) филми хориҷии ҷашнвора ва"Рататуй"-и студияи «Pixar» беҳтарин филми кортунӣ (мултфилм) шинохта шуданд.
XS
SM
MD
LG