Пайвандҳои дастрасӣ

Эътои ҷоизаҳои "Голден Глоб"


Дар Беверли Ҳилз, дар аёлати Калифорнияи Амрико, маросими ботантанаи тақдими ҷоизаҳои "Голден Глоб" ва ё "Кураи Тилоӣ" ба беҳтарин ҳунармандони филмҳо барпо шуд. Ҷоизаи "Кураи Тилоӣ" барои беҳтарин филми ҳунариро филми "Бобул"-и коргардони мексикоӣ Алехандро Гонсалес Инарриту соҳиб шуд. Мартин Скорсези ҳамин тавр бо қарори ҳайъати ҳакамони "Годен Глоб" барои филми "Марҳум"-аш беҳтарин коргардон шинохта шуда, ҷоизаи беҳтарин ҳунарманди занро ҳунарпешаи британӣ Ҳелен Миррен барои офаридани нақши Елизаветаи дуввум дар филми "Малика" ба даст овард. Форест Витекар барои иҷрои нақши асосӣ дар филми "Духтарони Орзу" ҷоизаи Курраи Тиллоӣ барои беҳтарин ҳунарманди мардро гирифт. Филми "Духтарони Орзу" зимнан ба ҷоизаи беҳтарин филми мусиқӣ ё мазҳакавӣ соҳиб шуд.

Саша Барон Коэн, ки соли гузашта бо иҷрои нақши хабарнигори қазоқ дар филми ҳаҷвии "Борат" вокунишҳои мухталифро ба бор оварда буд, ҷоизаи беҳтарин ҳунарманди филми комедиро гирифт. Коэн, ки чандин нафар ӯро ба иттиҳоми бе ихтиёри худашон ба филми Борат ба навор гирифта шудан ба додгоҳ кашидаанд, ҳангоми пазируфтани ҷоизаи "Кураи Тилоӣ" шӯхиомез гуфт, ӯ ба ҳар амрикоие, ки то ҳол ӯро ба маҳкама накашидааст, изҳори сипос мекунад. Ҷоизаи беҳтарин ҳунарманди филми ҳаҷвиро ҳунарпешаи амрикоӣ Мерил Стрип гирифт. Ин шашумин ҷоизаи "Кураи Тилоӣ" аст, ки хонум Стрип барои офаридани нақшҳои гуногун ба даст овардааст.

Мунаққидони филмҳо мегӯянд, маъмулан онҳое, ки ҷоизаи "Кураи Тилоӣ"-ро соҳиб мешаванд, номзадҳои асосӣ ба муҳимтарин ҷоизаи филми амрикоӣ - "Оскар" мебошанд, агарчи ҳатмӣ нест, ҳунарманде, ки ба "Курраи Тилоӣ" мушарраф шуд, ҳатман "Оскар"-ро низ ба даст меоварад. Аз ин сабаб аз эҳтимол дур нест, баъзе аз ҳунармандоне, ки ҳафтаи ҷорӣ "Кураи Тилоӣ"-ро гирифтаанд, шаби 25 уми феврал ба ҷоизаи "Оскар" низ соҳиб шаванд. Номзадҳои "Оскар" рӯзи 23 январ эълон мешаванд.
XS
SM
MD
LG