Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи Петреус бо Карзай дар бораи ҷанг


Дейвид Петреус – фармондеҳи нерӯҳои Амрико дар Ироқу Афғонистон шоми сешанбе бо Ҳомиди Карзай – раиси ҷумҳури Афғонистон дар шаҳри Кобул мулоқот кард. Ба иттилоъи дафтари раёсати ҷумҳури Афғонистон, ду тараф стротежии нави “ҷанг ба зидди террор” ва афзоиши қарибулвуқӯъи нерӯҳои Амрико дар он кишварро баррасӣ кардаанд. Пеш аз ин Дейвид Петреус эълом кард,ки зимни сафараш ба минтақа бо чанде аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия созиш бастааст, то бо истифода аз роҳҳои ин мамолик нерӯҳои Амрико дар Афғонистон бо лавозимоту муҳимот таъмин карда шаванд. Покистон, ки як роҳи аслии таъмини нерӯҳо буд, шоҳиди ҳамлаи афзояндаи тундравон ба корвони мошинҳои нерӯҳои эътилофӣ шудааст. Иёлоти Муттаҳида қасд дорад, ба зудӣ барои таъмини субот дар Афғонистон 30 ҳазор сарбози изофӣ бифристад.
XS
SM
MD
LG