Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корхонаи "Тоҷиказот" аз кор бозмонд


Корхонаи “ТоҷикАзот”, воқеъ дар шаҳраки Сарбанд, муваққатан аз кор бозмонд. Ба иттилоъи расмӣ, ширкати “Тоҷикгаз” интиқоли газро ба ин корхона қатъ кардааст – гуфта мешавад, ки “ТоҷикАзот” барои истифодаи ин маводи сӯхт беш аз як миллион доллар қарздор аст. Ҳикматулло Раҷабов, раиси шаҳри Сарбанд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари мутаваққиф шудани кори “Тоҷиказот”-ро тайид кард ва гуфт, корхона маҷбур шудааст, ки тақрибан 500 кормандро ба рухсатии бидуни пардохти маош равон кунад.

“ТоҷикАзот” - корхонаи муштараки Тоҷикистону Кипр бахши кишоварзии кишварро бо нуриҳои минералӣ таъмин мекунад.

XS
SM
MD
LG