Пайвандҳои дастрасӣ

Набардҳои шадид миёни силоҳдорони Ҳамос ва низомиёни Исроил дар навори Ғазза идома доранд. Дар ҳамин ҳол, пизишкон дар Ғазза аз камбуд ва набуди доруворӣ бонги изтироб мезананд.

Тозатарин хабар аз майдони ҷанг ҳокӣ аз набардҳои шадид дар ноҳияи Шуҷоия, дар шимоли Ғазза мебошад. Намояндагони Ҳамос ва гурӯҳи «Ҷиҳоди исломӣ» гуфтаанд, онҳо бар зидди низомиёни Исроил аз мушакҳо низ оташ мекушоянд. Сокинони шаҳр аз акноф ба марказ мегурезанд. Мувофиқи хабарҳои охирин, низомиёни Исроил феълан ба маҳаллҳои пуродам ворид нашудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Исроил кушта шудани се сарбози худро аз тири тонки худӣ тасдиқ кард. Яке аз тонкҳои артиши Исроил иштибоҳан ба сӯи сарбозони худ оташ кушодааст. Дар ин воқеъа ҳамчунин 20 сарбози дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар маҷмӯъ, Исроил талафи панҷ сарбози худро дар набардҳои Ғазза тасдиқ кардааст.

Исроил ҳамчунин мегӯяд, дар навори Ғазза тақрибан 4.000 сарбоз вориди даргириҳо мебошанд ва аз сӯи фирқаҳои тонкӣ ёрӣ мебинанд.

Журналистони хориҷӣ ҳамоно ба маҳалли даргириҳо роҳ дода намешаванд, аз ин рӯ, то куҷо рост будани ин ҳама маълумот дақиқ нест.

Ба гуфтаи пизишкони фаластинӣ, аз оғози даргириҳо дар наоври Ғазза ҳадди ақалл 510 нафар кушта шудаанд ва беш аз 2,500 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Як пизишки ғарбӣ ба расонаҳо гуфтааст, тақрибан 25 дарсади кушташудаҳо ва нисфи маҷрӯҳонро занону кӯдакон ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG