Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баъди як ҳафта ҳамлаҳои ҳавоии пай дар пай Исроил ҳамлаи заминӣ болои Навори Ғаззаро шурӯъ кард.

Ходимони соҳаи беҳдошти фаластиниҳо мегӯянд, дар бархӯрдҳои аввалин камаш 19 сокини Ғазза ба ҳалокат расиданд. Ҳамин тариқ шумораи умумии қурбониҳои ҷониби фаластинӣ аз 450 нафар бештар шудааст.

Исроил мегӯяд, ки 30 сарбозаш маҷрӯҳ шудаанд. Бархӯрдҳои ахири Ғазза дар ҳоле ба вуқӯъ пайвастаанд, ки Шӯрои Амнияти СММ натавонист қатъномае бо даъват ба оташбас тасвиб намояд.

Амалиёти заминии Исроил нимашаби шанбе ба якшанбе оғоз ёфт. Ҳазорҳо сарбози исроилӣ зери пуштибонии танкҳо ба тарафи соҳил ҳаракат намуда, Ғаззаро ба ду тақсим карданд. Баъди муддате вазири мудофиаи Исроил Эҳуд Барак ба воситаи телевизиони ин кишвар гуфт, "мо ташнаи ҷанг нестем, мо набояд иҷозат диҳем, ки шаҳрҳо, деҳот ва шаҳрвандонамон доимо ҳадафи Ҳамос қарор гирифта бошанд. Ин амалиёт осону кӯтоҳ нахоҳад буд, вале мо тасмим гирифтаем онро иҷро кунем."

Бархӯрдҳои ибтидоӣ дар бахши шимолии Ғазза ва канори шаҳри Ҷабалия сурат гирифтанд. Ҳамин тариқ субҳи якшанбе нерӯҳои Исроил шаҳри Ғаззаро муҳосира карда буданд. Тибқи гузоришҳо ҳар ду ҷониб талафот додаанд. Нисфрӯзии якшанбе иттилоъ расид, ки дар бархӯрдҳо 30 сарбози исроилӣ маҷрӯҳ шудаанд. Вазъи ду нафари онҳо ҷиддӣ арзёбӣ мешавад.

Табибони фаластинӣ изҳор намуданд, ки дар ҷараёни амалиёти заминии Исроил 19 фаластинӣ ва аз ҷумла 5 фарди осоишта ба ҳалокат расидаанд. Ҳамос иброз дошт, ки ду сарбози исроилиро ба асорат гирифтааст, вале мақомоти Исроил ин иттилоъро тасдиқ накардаанд.

Рӯзи якшанбе ҳавопаймоҳои исроилӣ роҳҳои зеризаминии интиқол ва амборҳои силоҳи фаластиниҳоро бомбаборон намуданд. Ҳамчунон киштиҳои исроилӣ соҳили Ғаззаро мавриди оташ қарор дода буданд.

Қабл аз амалиёти заминӣ Исроил дар давоми як ҳафта Ғаззаро бомбаборон карда буд. Мақомоти Исроил мегуфтанд, ки ҳадаф аз ҳамлаҳои ҳавоӣ ҷилавгирӣ аз мушакпарронии ҷангҷӯён ба тарафи давлати яҳудӣ мебошад. Вале бар асари ин ҳамлаҳо камаш 450 кас ба ҳалокат расидаанд. Ба қавли СММ тахминан чоряки қурбониҳо фаластиниҳои осоишта буданд.

Аҳли олам аз вазъи башарии ногувори Ғазза дар ташвиш аст, аммо афкори байнулмилалӣ дар арзёбии амалиёти Исроил яксон набудааст. Фаронса амалиёти заминии Исроилро ба ҳайси ташаннуҷи серхатар маҳкум кард. Дар айни замон сарвазири Ҷумҳурии Чех бо салоҳияти раҳбари даврии Иттиҳодияи Аврупо амали Исроилро на ҳамла, балки дифоъ номидааст.

Шаби шанбе ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ ҳам ба хулосае наомад. Муъовини сафири ИМА дар СММ Алехандро Волф мегӯяд, чӣ суд аз тасвиби қатъномаи оташбас, агар онро Ҳамос эътирофу иҷро накунад?

Вале нозири доимии фаластиниҳо дар СММ Риёз Мансур бо лаҳни шадид гуфт, "мо дар ҳоли ҷанг ҳастем. Мо бо таҷовуз болои мардуми фаластинӣ рӯ ба рӯ шудаем, ва боиси таассуф аст, ки дар чунин лаҳзаи фоҷеъабор Шӯрои амнияти СММ бо ҳалли масъала машғул шуда наметавонад ва ҳатто дархост намекунад, ки Исроил - нерӯи ишғолгар, фавран таҷовузашро мутаваққиф намояд."

Дар ҳамин ҳол кӯшишҳои қатъи низоъ давом доранд. Фиристодаи сулҳи Ховари Миёна Тонӣ Блейр тасмим гирифтааст бо раҳбарони Исроилу фаластинӣ дар соҳили ғарбӣ вохӯрад. Ҳамчунон президенти Фаронса Николас Саркозӣ рӯзи душанбе ба Исроил рафта, ибтидо бо сарвазири ин кишвар Эҳуд Олмерт ва сипас бо раҳбари фаластиниҳо Маҳмуд Аббос дидору гуфтугӯ хоҳад дошт. Дар ин миён сухангӯи Ҳамос Исмоли Ризвон гуфтааст, ки Ғазза ба қабристон сарбозони яҳудӣ табдил хоҳад ёфт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG