Пайвандҳои дастрасӣ

Шашумин рӯзи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил болои навори Ғазза бо куштори яке аз раҳбарони аршади ҳаракати Ҳамос анҷом ёфт.

Дар нахустин рӯзи соли 2009 хонаҳои ду нафар аз мақомдорони ҳаракати Ҳамос мавриди ҳамла қарор гирифтаанд ва ҳадди ақалл як нафари онҳо кушта шудааст. Фармондеҳ Низор Раён, ки ҳамроҳ бо чор нафар ба ҳалокат расид, аз ҳомиёни ҳамлаҳои маргталабона бар зидди давлати яҳудӣ ба шумор мерафт ва яке аз асосгузорони ҳаракати Ҳамос буд. Низор Раён, ки ҳамчунин дар Донишгоҳи исломии Ғазза дарс мегуфтааст, яке аз панҷ мақоми болотарини тасмимгиранда дар ҳаракат маҳсуб мегардидааст.

Дар шаш рӯзи ҳамлаҳои Исроил болои навори Ғазза ҳадди ақалл 400 фаластинӣ кушта шуда ва беш аз ду ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд. Мушакҳои фаластиниҳо ҳаёти 4 исроилиро аз байн бурдаанд.

Шаби Соли Нав Шӯрои амнияти СММ ҷаласаи изтирорӣ баргузор намуда, аз Исроил ва Ҳамос даъват намуд, ки оташбас эълон кунанд. Дар ин ҷаласа ИМА лоиҳаи аз тарафи кишварҳои араб пешниҳодшударо рад кард, зеро дар он Исроил бо истифодаи аз ҳад зиёди нерӯ муттаҳам мешуд.
XS
SM
MD
LG