Пайвандҳои дастрасӣ

Тонкҳо, тӯпхона ва ҳавопаймоҳои Исроил мавзеъҳои Ҳамосро дар шаҳраки Ғазза ва атрофи он ба оташ мекашанд.

Густариши доманаи ин ҳамлаҳо гувоҳӣ медиҳад, ки иддаъои қаблии Исроил дар бораи анҷоми ҳамлаҳои дақиқ танҳо ба ҳадафҳои Ҳамос саҳеҳият надорад. Дар ин ҳамлаҳо беш аз 500 нафар кушта шудаанд ва шумораи номаълуми онҳоро аҳолии маҳаллӣ, аз ҷумла, занону кӯдакон ташкил медиҳанд.



Зоҳиран, ин даргириҳо қадамҳои аввали оғоз аст. Агар Исроил тасмим бигирад, ки амалиётро ба хиёбонҳову тангкӯчаҳо кашонад, дар он сурат даргириҳои хунин маҳалла ба маҳалла ва хона ба хона хоҳад расид ва табъан талафоти ҷонӣ дар миёни аҳолӣ ва сарбозон афзоиш хоҳад ёфт.

Ҳукумати Исроил мегӯяд, ёриҳои мавриди ниёзи аввалияро ба Ғазза иҷоза медиҳад ва дар он ҷо фоҷеъаи инсонӣ пеш наомадааст.

Талошҳои дипломатӣ барои ҳалли ин бӯҳрон низ густариш меёбад. Як ҳайъати баландпояи Иттиҳоди Аврупо ба унвони нахустин талош ба Қоҳира рафтааст, то дар бораи оташбас тадобире рӯи даст бигирад. Карел Шварзенберг, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Чех ва раҳбари ҳайъати мазкур дар бораи ҳадафи боздид аз пойтахти Миср гуфтааст, ин кишвар бо Ҳамос нақши миёнҷигариро адо мекунад ва талош дорад, роҳҳои музокираро пайдо кунад. Ҳавйер Солоно, масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳоди Аврупо ва Бенито Ферреро Валднер, кумиссари Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷа низ дар ин ҳайъат шомиланд

Бино ба гузоришҳо, интизор меравад, ки бо даъвати Миср аз Ҳамос низ ҳайъате барои музокира вориди Қоҳира шавад. Ҳамос худро тавре вонамуд мекунад, ки гӯё ба оташбас ниёз надорад, вале мақомоти расмии Исроил мегӯяд, оташбас дақиқан чизест, ки онро ҳоло Ҳамос мехоҳад.
XS
SM
MD
LG