Пайвандҳои дастрасӣ

"Роҳи Каҳкашон"- ро ба чашми кам набинед


Даҳсолаҳо боз кайҳоншиносон бовар доштанд,ки Бурҷи Каҳкашони мо назар ба манзумаи ҳамсояааш яъне Андромеда хурдтар аст. Аммо пажӯҳиши наве, ки дар Анҷумани Мунаҷҷимони Амрикоӣ муаррифӣ шуд, мегӯяд, Каҳкашон ва Андромеда аз назари ҳаҷму вазн ва қутр баробаранд. Донишмандони амрикоӣ замони пайдоиш ва ҳаракати ситораҳо дар Каҳкашонро бо истифода аз 10 телескопи азим таҳқиқ карда ва ба чунин хулоса расидаанд. Аммо ин хабари хуше нест, зеро Каҳкашон, ки назар ба тассавури пешинаи мо вазнинтар будааст ва аз ин рӯ бо Андромеда зудтар бармехӯрад. Вале натарсед, манзур аз зудтар фардо нест, балки миллиардҳо соли дигар аст, ки аз назари ситорашиносон ин вақти чандон дарозе нест.
XS
SM
MD
LG